НАҚШИ ФАРҲОД ХАБАР МЕДИҲАД АЗ КУҲКАНӢ

Номи соҳибҳунарон то ба қиёмат боқист,

Нақши Фарҳод хабар медиҳад аз куҳканӣ

Ин байти Сайидои Насафиро мутолиа намуда сар ба зонуи андеша ниҳодам, ки ба ҳунари худ шахси доно ҷойгузини дилҳо мешавад. Аммо беҳунар ба доми фиреби гуруҳҳои ифротгаро афтида даст ба тазоҳурот мезанад.

Медонем, ки  ТЭТ ҲНИ аз оғози ташкилёбии худ моҳи декабри соли 1991 бо мақсади ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекард. Ҷоиз ба қайд аст, ки яке аз мақсадҳои асосии ин ҳизб пеш аз ҳама, сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, нотинҷ кардани вазъияти кишвар ва ба сари қудрат омадан буд. Ҳамин тарзи фаъолияти ҳизб буд, ки бо сабаби мазкур дар замони ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти ин азҳоб баста шуд.

Мавриди зикр аст, ки аъзои ҳизб ва раёсати он дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд, ки барои пешрафту ободии кишвар, якпорчагии миллати тоҷик, фаъолияти ҳамаҷонибаи созандагии худро баҳри гулгулшукуфоии диёр ҳамчун ҳизби сиёсӣ равона мекард. Аммо ин кӯрдилону носипосон ба ивази шукри миллати озоду обод, арзишҳои миллатро зарба заданд ва дастовардҳои онро нодида гирифтанд. Масъалаҳои ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи ин ҳизб қарор мегирифт. Аммо, мутаассифона, солҳои охир масъулони он фаъолияти зидди конститутсиониро пеша карданд ва шумораи зиёди ҷиноятҳои хусусияти сиёсӣ, террористию экстремистидошта содир намуданд. Гузашта аз ин амлаҳои ифротии хеш тасмиим кардаанд, ки бо ҷамъи ҷонибдорони худ аз кишварҳои ғарб истода, тазоҳуроту гирдиҳамоии харарктери ифротӣ доштаро ташкил мекунанд. Ин нобакорҳо гумон мекунанд, ки мо, мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин дасисаҳои наҳзатиҳо ба ҳарос меафтем. Бояд қайд кард, ки ин васвасаҳои шайтонии худро наҳзатиҳо минбаъд дар хоб мебинанд.

 

Мушкилоти дигар , ҷиҳати либоспушии занону духтаронро дар бар гирифтааст. Ин мавзӯъро бошад, чанде аз коршиносону ҳуқуқдонҳои наҳзатпарастҳо тавре ҷилавгирӣ намудаанд, ки тарафдори либоспӯшии кишвари Эронанд. Ва ба андешаи ин «исломгароён» ҳамсари он зане, ки бе ҳиҷобу рӯисарианд, номардтарини дунёст. Маврид ба зикр аст, солҳои охир аъзоёни ин ҳизб дар байни аҳолӣ бо чунин андешаҳои ғаразнок ва ифротии худ кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардидааст.

 

Лозим ба ёдварист, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолият ба роҳ гузошта шудани демократисозии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, барои ташкил ёфтан ва рушди ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳою созмонҳои мухталиф давлат шароити мусоид эҷод намуд. Аз ин вазъият истифода намуда, соҳибмансабони ҲНИ барои мақсадҳои шахсияшон муқобили манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ баромаданд. Ва то кунун ба муқобили давлати соҳибистиқлол муборизаи бемаъно карда, манфиатҳои худ ва хоҷагони хориҷиро аз қонуниятҳои давлати боло бардоштанд.

 

Аз беҳунарӣ даст ба ҳамоқат задани пайравони ТТЭ ҲНИ дур будан аз тешаи Фарҳоди куҳкан аст.

 

                                                                                            Акбар Усмонов, дотсенти кафедраи забони давлатӣ                                                                                                                                  ва забонҳои хориҷии ДКМТ