ИЗҲОРОТИ ШАМСИЯ МУҲАМАДЮСУПОВА МУОВИНИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯИ ДКМТ: ДАСИСАБОЗӢ ОИНИ ҶАВОНМАРДӢ НЕСТ

Митинг -ин ҷаъомади оммавӣ барои муҳокимаи озоди ягон масъалаи сиёсӣ ё мавзўи муҳими дигар барои қонеъ кардани талаботи мардуми имрўза баҳри беҳтар намудани сатҳи некўаҳволии ҷомеа аст. Лиҳозо,  ба иғвоангезӣ афтодани як гурўҳ одамон барои манфиати шахсии худ имрўз дар тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои ифротӣ барангехта истоданд.

Санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге баргузор гардид, ки ин ҳаракати боғаразонаи гурўҳҳои ифротӣ мебошад. Чунин гурўҳҳо то ҳадди имкон кўшиш ба харҷ дода истодаанд, то ки Тоҷикистони ободи моро боз ба бесарусомонӣ ва ноободии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мубадал гардонанд. Аз номи ислом баромадҳои авомфиребона карда ба ҳиссиёти динии шаҳрвандон таъсир расонида истодаанд.

Айни замон дар назди давлати тозабунёди Тоҷикистон басифати вазифаи стратегӣ таъмини амнияти сохти конститутсионӣ меистад, ки он тавассути истифодаи захираҳои исломӣ-сиёсӣ низ ба амал бароварда мешавад. Исломи сиёсии замони муосир мӯътадил ба сифати низоми арзишҳои динӣ дар оянда метавонад ба сифати яке аз асосҳои таҳкими давлатдорӣ хизмат намояд. Ҳар як фарди баору баномус метавонад имрўз таҳлили сиёсӣ, дарки эътиқоди динию ташкили гиридиҳамоиҳои шахсони манфиатхоҳро дарк ва таҳлил кунад.

Аз ин хотир, аз тамоми Тоҷикистониёи муқимии Олмон даъват карда мешавад, то ба кирдорҳои иғвоагези ин тўдаи нобакор фирефта нашавад ва пайрави Пешвои муаззами миллат бошанд.