Дар толори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, 20 декабри соли 2018 соати тарбиявии дарси кушод дар мавзӯи “Дастовардҳои Тоҷикистон дар замони Истиқлолият ” бо иштироки устодону донишҷӯёни донишкадаи мазкур, кормандони мақомоти милитсия муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Бустон майори милитса Сафабек Файзалиев, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода , омузгори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Кибриё Атоева баргузор шуд.
Дар рафти чорабинӣ оид ба хатари терроризму экстремизм ва дастовардҳои Тоҷикистон дар замони Истиқлолият гуфта шуд. Маърӯзачиён қайд карданд, ки ин ҳама дастовардҳо маҳз тавассути ҷоннисориҳои сарвари хирадманди кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия,
номзади илмҳои педагогӣ
Манзура Саъдулоева ҷамъбаст намуд.