РАНГИНИИ ҚАБО НАКУНАД ПИРРО ҶАВОН

Фарҳанги либоспуши такмил мехоҳад. Аммо тақлид ба либоспушии кишварҳои ғайр вақте ба дараҷаи ифрот мерасад, ангушти ҳайрат мегазам. Хоса, ба сатри сиёҳ печидани занҳо. Чунин навъи либоспуширо дар Ҷумҳурии исломии Эрон дида мотамсаро шудани ҷомеаро эҳсос намуда будам. Аммо вақте ба чунин либос духтарони имрузаро дар хиёбонҳои Тоҷикистон мебинам, афсус мехурам, ки мо тақлиди куркурона дорем. Манзур либоспушии ғарбиёна низ ҳаст, вақте ба дараҷаи ифрот урён шуда баъзе духтарон либос мепушанд. Ҳол он ки мо либоси миллии атлас, чакан ва гулдузиҳои матоҳои пахтагин дорем. Ба сар андак руймоли кучакро ба ранги рушан пушидан хоси бонувон аст.

Дар сомонаи интернетӣ хондам, ки Александр Василев, санъатшинос ва таърихшиноси муд қайд кардааст, ки аз рӯи равиши муд барои Соли нав рӯймолҳои мусалмонӣ дар Русия талаботи зиёд доранд

Аммо ба ақидаи коршинос Русияро “паҳншавии аз меъёр зиёди рӯймолҳо” интизор аст. “Агар шумо дилхоҳ сомонаи мӯдро кушоед сараввал навишта шудааст, ки чӣ гуна дар Соли нав рӯймолро дар шакли муд ба бар кард. Ман инро 5 сол пеш гуфта будам, аммо ба ман гуфтанд, ки мо рӯймол ба бар намекунем. Бори дигар ба шумо мегӯям мепӯшед ва ҳатто бо хоҳишҳои калон…”, – гуфтааст Василев.

Санъатшинос ҳамчунон қайд кардааст, ки “унисекс” (либос ва ё попӯшии ягона ва ё монанд барои мардону занон), низ бисёр равнақ хоҳад ёфт.“Алакай бисёр занон либосҳои мардонаро ба бар кардаанд ва худ аз ин огоҳ нестанд. Масалан, шим, попӯшҳои қулай, куртаҳо ва мӯйсарҳои кутоҳ ва инчунин ороиш надодани занон далели он аст. Ин пастзани нест, балки қулаю гарму бехатар будан аст”, гуфтааст Василев дар нишасти хабарии АИБ “Русия имрӯз”.

Аслан рӯйсари аз ҳама диқатҷалбкунандатар ва ҷазобтар мешавад. Аз ин хотир дар бозори имрӯза навъҳои гуногуни рӯймолҳо хело зиёд ва рангоранг ба намоиш гузошта мегаванд.

Дар ислом чихел либосе набошад аз сар то по ҳиҷоб ҳисоб мешавад, аммо дар кишварҳои ғарб зери мафҳуми ҳиҷоб танҳо рӯймоли анъанавии занони араб фаҳмида мешавад.

Аввалин бор ба таври намоишдиҳи соли 1870 дар Египт аз пушидани ҳиҷоб даст кашиданд. Аввалин кишвари мусалмони, ки ба таври расми пӯшидани ҳиҷобро мамнуъ кард ин Туркия буд – 1925, аммо соли 2008 ин банди қонун барҳам дода шуд, чунки иҷозат надодани занон барои пушидани либоси дилхоҳи худ ин поймол кардани ҳуқуқи онҳост.   

Дар ҳамин ҳол, як коршиноси дигар дар сомонаи интернетӣ менависад, ки “Шояд дар ҳолатҳои маҷбурӣ ба хотири масалан ворид шудан ба беморхона, занон маҷбур ба бадар кардани сатрашон шаванд, вале ин таҳқири сахте ба он занон ва мардони хонаводаашон аст. Таҳқирро кам касон фаромӯш мекунанд ва он ҳатман рӯзе ба вокуниши шадид мувоҷеҳ хоҳад шуд. Ҳеҷ марди баномусе ҳам, дар кишваре ки хонумаш, духтараш, модараш дигар ҳақи вуруд бо сатрро ҳатто ба беморхона надоранд, тоқат нахоҳад кард. Ҳади ақал онро тарк мекунад”

Хуб, биёед аз нигоҳи таъмини амнияти ҷамъиятӣ баҳо диҳем. Чеҳраи он нафар зери чодари сиёҳ бошад, бидуни назорат вориди бино шавад ва таркише ба амал ояд. Пас он “нангу номус”-и зери либоси сиёҳ куҷо мешавад?

Ҳамин қадар, ҷонбозиҳо ба хотири таъмини озодию ҳуқуқи занон чи шуд? Ба ёд оред, солҳои аввали барқарор намудани Ҳукумати шуравиро, маъракаи фаранҷӣ партоӣ. Гулхан ороста, либосҳои сиёҳро ба коми оташ мепартофтанд. Бо гузашти 100 сол аз он хокистари таърих боз даст ба сатр ва руймоли сиёҳ мебарем? Яъне, ба либоси мотамӣ занро печонида боз поймолшавии ҳуқуқи инсон ҳарф мезанем? Ҳадаф аз дигар кардани қабо чист? Мазҳабӣ кардани ҷомеа.

   Мо набояд фаромуш кунем, ки Тоҷикистон як давлати демократии ҳуқуқбунёд аст.

   Беҳуда 400 сол муқаддам Сайидои Насафӣ нагуфтааст, ки:

 

Рангинии қабо накунад пирро ҷавон,

Барги хазон баҳори тамошо намешавад.

 

                                                                          Нилуфар Пулодова, омузгори кафедраи забони давлати ва забонҳои                                                                                                                        хориҷии Донишкадаи куҳӣ-металлургии                                                                                                                                                                Точикистон