РАДДАБАНДИИ ТЕРРОРИЗМ: АГАР ТТЭ ҲНИ ПУРРА РЕШАКАН МЕШУД, БА МАНФИАТИ УМУМ МЕБУД

Ба рости дар расонаҳои иттилооӣ ба тозагӣ чунин маводро хондам оид ба раддабандии терроризм: “Зинаҳои аввали рейтингро Ироқ, Афғонистон, Нигерия, Покистон ва Сомалӣ ишғол мекунанд, ки дар ин давлатҳо сатҳи таъсири терроризм хеле баланд аст.

Русия дар мақоми 34 ва Тоҷикистон дар зинаи 74-ум қарор гирифтаанд, оварда шудааст дар рейтинги нашршуда. Да ин рейтинг шумори талафот аз терроризм ва сатҳи таъсири он таҳлил шудааст.

Кишварҳои Шветсия (зинаи 51-ум), Япония (67), Италия (69), Тоҷикистон (74) ва Қазоқистон (75) ба гурӯҳи кишварҳои сатҳи паст ба таъсири терроризм шомил шудаанд, хабар медиҳад eadaily.com.

Дар Қирғизистон (мақоми 80-ум, Арманистон (83), Гурҷистон (89), Озарбойҷон (98), Латвия (107), Молдова ва Эстония (ҳарду зинаи 116) ва Ӯзбекистон (132) низ сатҳи таъсири терроризм паст дониста шудааст.

Ба давлатҳое чун Беларус, Литва ва Туркманистон (зинаи 138-ум) терроризм қариб ҳеҷ тасъсире намерасонад. Муаллифони феҳрист  ҳамаи 26 кишвареро, ки  ба ақидаашон, терроризм ба онҳо ҳеҷ гуна таъсире намерасонад, дар зинаи 138-уми рейтинг ҷой додаанд.

Рейтинги мазкур аз ҷониби гурӯҳи байнулмилалии коршиносон таҳти сарпарастии Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ (The Institute for Economics and Peace)-и Донишгоҳи Сидней (Австралия) таҳия шудаааст.

Ба андешаи ман, агар ТТЭ ҲНИ пурра решакан мешуд, рейтинги Тоҷикистон боз болотар мерафт.

 

                                                                                          Хайёми Муслимзода, Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДКМТ