Дар робита ба мусоҳибаи “ҳомии ҳуқуқи кудакон Шабнам Худойдова” ба сомонаи Кимиёи саодат-и Саидюнуси Истаравшанӣ мо омузгорони кафедра ҳаминро гуфтанием, ки берун аз Ватан истода ба авзои Тоҷикистон баҳогузорӣ намудан чандон саҳеҳ нест.
Нав шудани кучаҳо, хиёбонҳо, қомат афрохтани биноҳои нав ва аз нав таъмир намудани боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ободкорӣ ва саҳнаҳои зебо барои кудакон сохта шуд. Дар аттраксионҳои кудакона ҳамаи бачаҳо метавонанд сайру гашт намоянд.
Гузашта аз ин, теъдоди мактабу кудакистонҳо ва майдончаҳои варзишӣ сол аз сол ру ба афзоиш дорад. Ҳамаи ин иншоотҳо барои солмии кудакону наврасон пешбинӣ шудааст.
Аз ин хотир, мо бояд шукргузорӣ аз неъматҳои истиқлолият шуда, набояд ба ҳар гуна дасисаҳо дода шавем.