ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗИИ ДКМТ МАВРИДИ МУСОҲИБАИ ШАБНАМ ХУДОЙДОДОВА “ФАЪОЛИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ ТОҶИК”

“Шабнам Худойдодова, фаъоли ҳуқуқи башари тоҷик, дар гуфтугӯ бо пойгоҳи Кимиёи саодат, бо баёни ин ки ман пеш аз ҳар чизи дигар модар ҳастам, гуфт: “Дар Тоҷикистон ба ҳуқуқи кӯдакон таваҷҷӯҳ намешавад, аз ин рӯ ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон, барои ман дар дараҷаи аввал қарор дорад.”нак, машрӯҳи гуфтугӯ бо Шабнам Худойдодова:

— То ҷойе, ки медонем, Шумо имрӯзҳо ба унвони мудофеи ҳуқуқи башар фаъолият доред. Лутфан, дар бораи фаъолиятҳои худ дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар каме бароямон тавзеҳ бидиҳед.

— Бале, ман пас аз озод шудан аз зиндон, фаъолиятамро на дар заминаи сиёсат, балки дар заминаи ҳуқуқи башар давом дода истодаам. Имрӯзҳо поймол кардани ҳуқуқи инсон то рафт дар Тоҷикистон бештар гашта истодааст. Занҳои тоҷик ба худкушӣ даст мезананд. Бояд нафаре бошад, ки ин ҳамаро рӯи об барорад, то пинҳон намонад”

Порчае аз ин мусоҳибаро хонда ба ҳуқуқдоне мисли Шабнам Худойдова эҳсоси нафрат пайдо кардем, аз боби худкушии занон ҳарф мезанад. Магар чунин аҳвол ҷоиз аст? Ба ин мусоҳиба онҳо мехоҳанд, оташи ғазабро боло бардоранд.

Мо ҳама гуна иғвою дасисаро берун аз Тоҷикистон маҳкум мекунем.