МАВҚЕИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати мили пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон имрузҳо ба забонҳои гуногуни олам чоп гардида барои мутолиа ба ҷаҳониён дастрас гардидааст.Метавон бархе аз асрҳои пешвои миллатро номбар намуд ки ба забонҳои хоричӣ нашр гардидаанд:»Таджики в зеркле истории».От Арайцев до Саманидов ки аз се қисм иборат буда инро метавон шоҳасари Эмомали Раҳмон номид. Ин китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, чинӣ, ҳиндӣ, олмонӣ ва англисӣ нашр шудааст.

Боиси қайд аст ки моҳи майи соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии Қувайт рунамои китоби тозанашри «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони арабӣ суръат гирифт.  Асари мазкур аз таърихи куҳан ва пурарзиши милати тоҷик маълумот дода бори дигар исбот месозад ки тоҷикон халқи куҳанбунёд ва тамадунофар буда дар гузаштаи худ шахсиятҳои нотакрор нобигаҳои ҷаҳонӣ табибони ҳозик мутафаккирони варзида дорад ва салоҳияти чавонони имруза дар он аст ки номбардори ниёгони эҷодкори худ бошанд. Ҳамчунин асари мазкур барои ҷомеаи ҷаҳони тоҷиконро муаррифи намуда аз асолат ва мавқеи онҳо дар чаҳон маълумот медиҳад дигар асари Пешвои миллат ки ба забони русӣ соли 2001 нашр шудааст »Политика мира и создания» мебошад ки дар он тамоми мубоҳисаҳо суханрониҳо маколаҳо ва баромадҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати мили Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар назди созмонҳои байналхалки гирд оварда шудааст.Дар асари мазкур яке аз нахустинҳо шуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон аз хатари таҳдиднамуда истодаи нави чаҳони терроризм ва экстремизм ба чаҳониён иброз намуданд. Ҳамчунин аз муаммоҳои чаҳони ва роҳҳои пешгирии намудани он ибрози назар кардаанд.

Ҷамъи суханронию маколаҳои илмии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон солҳои 1996 – 2009 дар китоби «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ба забони руси нашр шудааст.

Бунгоҳи интишори «Майванд» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёи «бо теъдоди ҳазор нусха бо хати форси ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонд.

Дар муқаддима муаллифи китоб менигоранд: «Мо ҳарчи бештар мероси пурғанои маънавии гузаштаро омузем ҳамон қадар ба насли ояндаи худ ғизои маънави мебахшем.Зеро аз чунин як чашмандози таърихи маълум мешавад ки тамаддуни ориёии мо мисли чашмаи ҷӯшоне будааст ки аз оби мусаффои он бисёр халқҳои ҷахон шодоб гардидаанд».

Дар баробари асарҳо мақолаҳои Пешвои миллат низ ҷойгоҳи махсус дорад ки дар таъмини сулҳ ва ризоият дар кишвар нақши муассир гузоштаанд. Бахусус аз мусоҳибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон бо хабарнигори маркази иттилоотии Руссия Правов ки Ҷаноби олӣ он вақт дар  вазифаи раиси шурои олӣ буданд моҳи майи соли 1994 бо номи «Ҳамаи қувваҳои бунёдкори минтақа сулҳро мехоҳанд»  ҷараён гирифт ва он дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шуд. Дар мусоҳиба Пешвои миллат аз кӯшиши пурзури хеш оиди таъмини сулҳ дар кишвар сухан ронданд.

Баъди гузашти даҳ сол аз соҳибистиқлолии кишвар соли 2001 мусоҳибаи Пешвои миллат бо хабарнигори «Росийская газета” бо номи «Мо нагузоштем ки миллат пароканда шавад»  чоп шуд. Дар воқеъ миллати тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳони саҳм ва хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаромӯш намесозад зеро дар лаҳзаи ҳассос давлат аз будаш дарак намедод дастгоҳҳои давлати фалаҷ ва мақомотҳои қудрати қариб ки амал намекард ин ҳамаро бо заковати расо ва дипломатияи тавоно сарвари давлат бартараф сохтанд ягонагии давлат ва миллатро таъмин намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз лаҳзазаҳои авали давлатдори вазъияти ҷангзадаи кишвари Афғонистон ба ташвиш меовард.

Президент Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои терроризм экстроризм таҳдиди ҳаракати исломии Ӯзбекистон эҳё роҳи бузурги абрешим ва дигар масъалаҳои мубрам бо хабарнигорони гуногуни рузномаҳои сатҳи ҷаҳони мусоҳиба анҷом додаанд.

Соли 2009 дар Тоҷикистон 1310-солагии бузургдошти Имоми Аъзам бо  иштироки намояндагони мамлакатҳои хориҷӣ чараён гирифт . Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш барои кули ҷомеа ва хусусан ҷавонон фаҳмондани мазҳаби воқеии тоҷикон ва равияи он ба ҳисоб мерафт. Дар ҳамин сол китоби дигари Пешвои миллат «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугуи тамаддунҳо» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ  ва англисӣ  нашр гардид. Бахшида ба ҳамин масъала асари дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон «Муҳити зиндаги ва олами андешаҳои Имоми Аъзам “ аз чоп баромад.

Бояд зикр намуд ки Асосгузори сулҳу Ваҳдат Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  тамоми масъалаҳо дар миқёси ҷумҳуриявиву ҷаҳони асарҳои пурарзиш нашр намуда дар самти маънавиёти ҷомеаи башари нақши муассири хешро гузоштаанду мегузоранд.

 

Ваҳдатшоҳи Мариншоҳ

Донишҷуи бахши якуми факултети металлургия