АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ НБО РОҒУН ДАР РУШДУ КАМОЛИ ҶОМЕАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун умедбахши мардуми тоҷик буда, ҳайсияту ҳастии ҷомеаи моро дар пеши ҷаҳониён баланд мебардорад. Бо баракати ин нерӯгоҳ ҳамҷаворони бурунмарзӣ низ дари умедашонро боз менамоянд. Оре, ин нерӯгоҳ, ҳам амбори оби моро ғанӣ мегардонаду ҳам дарҳои ҳазорҳо хонаи торикро равшан менамояд. Гузашта аз ин, садҳо муассисаю дастгоҳҳои саноатӣ ва кишоварзиро ба кор медарорад.  Умри инсон ҳар қадар, ки дар рушноию гармои гузарад, ҳамон қадар пурсамар мешавад. Беҳуда нест, ки аҷдодони антиқаи мо сароғоз аз ҷомеаи ибтидои руй майл ба рушноию гармоӣ меандохтанд. (Авасто). Шаби торро бо рӯшноӣ таъмин намудан хосаи инсонист. Инсону инсоният буд, ки қарнҳои қарн бо роҳҳои пилтагаронӣ равшанӣ ато мекарданду корҳои зиёдеро дар шабонгоҳ анҷом медоданд. Ғорҳои бесару торикро ворид мешуданду сирру асрори онҳоро фош мекарданд…

Истифодаи рӯшноию гармоии барқӣ таърихи начандон тӯлонӣ дошта, давраҳои нави таърихи инсониро дар бар мегирад. Бо баракати  эҳё  (рунсонс) одамият ба кашфи истеҳсоли барқ даст задааст. Вале дар кишвари мо барқикунонии ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таърихи начандон тулониро доро мебошад. Аввалин истешанҳои барқӣ ба кишвари мо дар заминаи барпо шудани сохти Шӯравӣ бунёд ёфта буданд, ки мардуми шаҳрнишини Тоҷикистони Шимолӣ аз онҳо баҳра бурдаанд. Вале аввалин дастгоҳи  барқи  обӣ дар солҳои аввали таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бунёд ёфта буд, ки аҳолии шаҳри Душанбе аз он истифода мебурданд.

Ба эҳтироми ҳақиқат гуфтан лозим аст, ки дар сохтану ҳаматарафа истифода бурдани нерӯгоҳҳои барқӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ нақшу  саҳми шахси В.И.Ленин хело бузургу чашмрас буду мемонад. Ленин гуфта буд, ки “Коммунизм ин ҳукумати Шӯравист, бар ҷамъи он барқикунонии тамоми мамлакат” (Коммунизм есть Советская власть плюс электрофикация всей страны). Бо дархости В.И.Ленин буд, ки мутасаддии барқи замона Крижжановский дар солҳои аввали  ҳокимияти  Шӯравӣ нақши ГОЭЛРО-ро ба тартиб овард. Аз он нақшаҳо мардуми тоҷик ҳам баҳравар мегашту  бо раванду инкишофи ҷомеаи Шӯравӣ,  ҳамчун ҷузъи пайвастаи он  шукӯҳ менамуд. Дар ҷамъбасти панҷсолаҳои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷомеаи Шуравӣ, ҶШС Тоҷикистон низ ҳастӣ ва  мақоми худашро нишон медод.

Бояд қайд кард, ки барқикунонии ҶШС Тоҷикистон ба таври бояду шояд дар солҳои баъди ҶБВ оғозу ривоҷ ёфтааст. Ногуфта намонад, нақши Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Б.Ғафуров дар ин маврид ниҳоят қобили сипос аст. Ғайрату  заҳмати мавсуф буд, ки барои сохтмони Нерӯгоҳҳои бузурги барқи обии  Қайроқум, Норак, Помир ва дигарон ризояту нақшаҳои боломақомҳои Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо гаштанд. Нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум соли 1956 ба кор даромад. Ҳамон сол Б. Ғафуровро аз вазифаи котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон сабукдуш карда ба Маскав бурданд. Вале саҳми мавсуф  барои инкишофи баъдии ободиҳои барқӣ хело калон боқӣ монда буд. Ҳамин тавр лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар марказ ва ҷануби Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои 50-и асри ХХ тарҳрезӣ шуда буданд. Комплекси истеҳсолӣ ва ҳудуди Ҷанубии Тоҷикистон  ҳам дар ҳамон давраҳои сохти Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда бунёд ёфта буд. Ҷоиз ба гуфтан аст, ки барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон даҳҳо заводу сехҳои марбута дар ҳама шаҳрҳои саноатии Иттиҳоди Шӯравӣ фармоиш дода мешуданд. Онҳо сари вақт агрегат-сомонҳои фармоиш шударо ба сари кор мерасониданд.

НБО-и Роғун низ тарҳи замони Шӯравист. Ин нерӯгоҳи азим 9-ум нерӯгоҳи барқиест, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сар боло мекунад. Масофаи дурии ин нерӯгоҳ то пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе 110 км-ро ташкил мекунад. Баландии ин нерӯгоҳ ҳам акнун ба 335 метр расидааст. Итмининон комил аст, ки иқтидори истеҳсоли барқи ӯ аз нерӯгоҳи барқи обии Норак якуним баробар изофа мегардад. Мутахассисон медонанд, ки баландии қуллаи бандари нерӯгоҳи Роғун, кадоме  аз сангу хок иборат аст дар ҷаҳон ҳамто надоштааст. 3600 мгв, ё 17, 1 млрд кВ/с-и аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатарин ҳосил мекардааст.  Ҳоло дар он ҷо 15000 коргару мутахассис;  2100 мошину трактору булдозеру ва ғайра; бо сарфи бештар аз 12, 5 млрд сомони кор рафта истодааст. Фақат пайроҳаҳои зеризаминӣ 75 км. Ҳаҷми оби ҷамъшаванда 13, 3 км3 буда, дар сурати хушксолӣ ё камобӣ ин обанбор метавонад 300 ҳазор га заминро обшорон кунад.

Имрӯзҳо мо шоҳиди он мегардем, ки яке аз 6 то агрегати (дастгоҳи) ин сохтмони боҳашаммат ба кор даромада, аҳолии ҷумҳуриамонро аз душвориҳою танқисии  гармоию  рӯшноӣ раҳо медиҳад, мардуми мо комилан ба истиқлолияти энергетикӣ мерасанд.  Мутобиқи нақша, ки аз даҳони пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми кушодашавии ҳайкали С.Айнӣ дар боғи ба номи он, ки 23 октябр шунида будем, моҳи апрели соли 2019 агрегати дуюми он ба кор медаромадааст. Ин расидан ба ҳамон орзӯест, ки мардуми мо 27 сол инҷониб дар ормонашанд.  Ниҳоят то соли 2024 ҳамаи нақшаҳои сохтмонии ин нерӯгоҳи боҳашаммат ба самар мерасанду 6 агрегати боҳшаммат ба кор медароянд.  Ҳамаи  комёбиҳою дастовардҳое,  ки  имрӯз миллати моро ба хурсандӣ овардаанд натиҷаи заҳмату ҷонфидоиҳои бешоибаи пешвои миллат, президенти мамлакат Эмомали Раҳмон ҳастанд. Нақшаҳои нимкораи сохтмони НБО Роғун  дар солҳои Шӯравӣ ноиҷро монданд. Агарчанде, ки аз шаҳрҳои гуногуни саноатии Иттиҳоди Шӯравӣ дастгоҳу агрегатҳои  зиёде ворид шуда бошанд ҳам аксари онҳо ба ҷои дозими насб нашуда, бозпас ба ватани худашон баргардонида шуданд. Садҳо мутахассисине, ки аз шаҳрҳои гуногун ба кори неругоҳи барқии Роғун ҷалб шуда буданд ба ватанашон баргаштанд. Чунки, дар ватани мо дасти соҳибмулкин ба ҳифозати ин амвол нарасида, ҳама саргарми майдонҳои сиёсӣ гаштанд. Ба ғайр аз дастгоҳҳои лозимаи НБО Роғун бисёр амволи дигаре аз кишвари мо ба яғмо бурда шуд. Ин бори гарон ба сари давлати ҷавони миллати мо омад.

Бар болои талошкориҳою ғоратгариҳо ҷангҳои атбоӣ то 1997 намегузоштанд, ки давлати ҷавони навтаъсисёфта машғули корҳои барқароркунию ободкуни гардад. Таъминоти барқе, ки дар замони Шӯравӣ аз ҳалқаи умумӣ ба ватани мо меомад қатъ гардид. Мушкилоти зиёде ба сари халқу ватани мо бор гаштанд. Аммо бо камоли хушнудӣ ба сарварии давлати соҳибистиқлоли мо ҷавони баору номус интихоб гардид, ки худ  ба дарди халқу миллат ҳамроҳ шуда аз паси бунёдкорию ободонӣ гардид.

Бунёдшавии НБО Роғун таърихи пурмоҷаро дорад. Ҳоло соли 1974 “Госстрой”-и Шӯравӣ нақшаи техникии ин нерӯгоҳро ба қайд гирифта, барои оғози кор ба муассисаи давлатии Гидропроекти Ӯзбекистон супориш дода буд, ки ба оғози кор шурӯъ намоянд. Ва соли 1976 ба иҷрои баъзе корҳои ташкилӣ шурӯъ намуда, аввал ба сохтани ш. Роғун, мактаб барои 1200 талаба, боғчаи бачагона ва дигар лавозимоти инфраструктурӣ сар карданд.  Қариб 300 шаҳру раҳоишҳои Шӯравӣ вазифадор гардиданд, ки ин нерӯгоҳро аз таҷҳизоту кадрҳои кордида таъмин намоянд.  Аллакай то охири соли 1987 ба гардонидани оби дарёи Вахш оғоз карда буданд.  Корҳои сохтмонӣ то ибтидои солҳои 90 давом ёфта, фақат соли 1993 ба сабабҳои маълум таваққуф карданд. Бояд гуфт, ки  мардуми сокини он минтақа ҳам ба ин амал розӣ набуда ба ҷои дигар рафтанро намехостанд. Баъди хотима додан ба ҷангҳои бемаънию расидан ба ваҳдати миллӣ, иқтисодиёти ақибмонда имконият намедод, ки кори сохтмони НБО-ро давом диҳанд. Охир ҳама ҷумҳуриҳои иттифоқии ваъдагирифта пош хӯрданду уҳдадориҳояшон аз эътибор соқит шуд.

Президенти Ҷ.Т ҳамвора дар ҷустуҷӯи манбаъҳои барқӣ шуда, соли 2004 бо як компанияи русии “Русал” созишномаи давоми корро дар НБО Роғун имзо карданд. Президенти Ҷ.Т мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мутахассисини худ бо машварате  омаданд, ки ҳаҷми баландии нерӯгоҳ бояд то 335 метр бардошта шавад. Вале компанияи “Русал” ҷуръати аз 285 метр баланд бардоштанро накард  ниҳоят соли 2007 созишнома бо “Русал” қатъ гардид.

Соли 2010 созишномаи нав бо банки умумиҷаҳонии Рушт баста шуд. Мутахассисини шветсариягии ин бонк низ баландии нерӯгоҳро то 170 метр гӯён нақшаи хостагии Ҷ.Тоҷикистонро рад карданд. Соли 2011 ин созишнома ҳам амалӣ нагардида қатъ шуд.  Гузашта аз ин Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2015 маротибаи дигар эътирози худро нисбати ҳаҷми баландии НБО Роғун баён карда буд.

Вале роҳбари боҷуръати давлати Ҷ.Тоҷикистон Эмомали Раҳмон бо ҷасорату матонати қавиаш ба ҳеҷ гуна тавтеъаю бӯҳтонҳои бадхоҳон нигоҳ накарда, бо қудрату тавоноии халқи худ нерӯгоҳро ба авҷи аъло расониданд, ки мо имрӯз ин комёбиро ҳамчун як ҷашни миллӣ қабул дорем. Ҳама аксияҳое, ки дар сохтмони НБО Роғун сарф гардидаанд моли худи ҳукумат ва халқи тоҷик аст. Хушбахтона роҳбарияти нави Ӯзбекистони ҳамсоя ба комёбию хурсандии мо ҳамроҳ шуда, шодиашонро изҳор менамоянд.

Ҳамин тавр НБО Роғун ҳодисаи бузурги қарни ХХ1 ба ҳисоб меравад. Дар партави ин бадастовариҳо халқи мо аз чандин мушкилиҳои зиндагӣ озод гашта қадам ба ҳаёти равшан мезанад. Даҳҳо ва садҳо муассисаҳои истеҳсолие пайдо мешаванд, ки Тоҷикистони моро пурра аз вазъи аграрӣ-саноатӣ ба вазъи саноатӣ-аграрӣ табдил хоҳанд дод. Яъне НБО Роғун на фақат ба мардум гармоию рушноӣ балки  иқтисодиёти мукаммалро муҳаё мекардааст. Акнун мо Тоҷикистониҳо пурра аз мавқеъи  воридкунии барқ ба мавқеъи содиркунии он мегузарем.

НБО Роғун  ҳамон “уштурпаланги бедум, на ҷав хурад на гандум,

Обе хурад зи дарё, нафъаш барои мардум” хоҳад шуд.

 

М. Давлатов, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ