АКСИЯИ «ФУРӮҒИ НУРИ РАҲМОНӢ»

Санаи 15-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  дар шаҳри Бустон дар ташкилоту идораҳои қаламрави шаҳр  аксияи «Фурӯғи нури раҳмонӣ» ташкил карда шуд. Дар  Аксияи мазкур кормандони кумитаи иҷроия   ба  ташкилоту  идораҳо    ташриф оварда ҳамаи сокинонро бо ҷашни «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва   ифтитоҳи чархи якуми нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» табрик намуданд.  Ба ҳамаи онҳо варақаҳои таблиғоти тақдим намуданд ва ҳамаи сокинони ноҳияро баҳри тамошои намоиши ифтитоҳи чархи аввали нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» даъват намудад. Чунин корҳои таблиғоти ва ташвиқоти дар қаламрави шаҳри Бустон идома дорад.

Донишҷуён ва устодони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба ин аксия шарик шуданд. Ба ин муносибат дар толори Донишкада бо иштироки донишчуён ва устодон конфронс баргузор гардид.