ИНКИШОФИ ТУРИЗМИ ИҶТИМОӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

 

Туризми иҷтимоӣ аз калимаи англисии «social tourism» -гирифта шудааст, он ҳамчун категорияи мунтаззами иқтисоди, гуногунияти тамоми намудҳои туризм дар худ, барои қонеъ гардонидани талаботҳои иҷтимои, ҳам чунин бо мақсади шароит фароҳам овардан барои истироҳати кудакон, мактаббачагон, ҷавонон, нафақахўрон ва дигар шаҳрвандон, ки барои онҳо давлат, фондҳои давлати ва ғайридавлатӣ, дигар ташкилотҳое, ки бо хайрхоҳи машғуланд, барои руйхат ва дамгирии онҳо шароит фароҳам месозанд. Аз ин лиҳоз туризми иҷтимоӣ бешубҳа аз дигар намудҳои туризм аз руи усули маблағгузории хароҷотҳо фарқ мекунад .
     Системаи туризми иҷтимоӣ –ин  раванди ба ҳам алоқамандии объектҳо ва иштироккунандагони туризм, ҳамчунин принсипҳо, мақсадҳо, воситаҳо ва имтиёзҳое, ки ба иштироккунандагони туризми иҷтимоӣ пешниҳод мекунанд, ба ҳисоб меравад.
Объектҳои туризми иҷтимои – ин восита ва системаи транспортировка (нақлиётгузори), ҷойгиркунӣ, хурду хурок, истироҳат ва сайёҳат, ташкили индустрияи хуби истироҳати, муолиҷавӣ, захираҳои туристӣ, ки бешубҳа ба он дохил мешаванд.
Иштироккунандагони туризми иҷтимоӣ – ин давлат, шахсони ҳуқуқи ва вокеъи, шахсони мутасадӣ бо ташкил ва ба амал барории хизматрасониҳои туризми иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо ( шахсоне, ки бо туризми иҷтимоӣ сару кор доранд ), ва туристони иҷтимоӣ – шахсони воқеи;- истеъмолкунандагони маҳсулоти туристи, ки ба воситаи туризми иҷтимои ба амал бароварда шудааст.
Ба туристони иҷтимои киҳо дохил мешаванд?
Саволе, ки ҳатто туроператорон ва турагентҳоро ба мушкили меорад. Ақидаҳое ҳастанд, ки туризми иҷтимоӣ – танҳо барои шахсони камбизоат пешниҳод карда мешавад он нодуруст мебошад. Ба хизматрасонии туризмӣ
иҷтимоӣ метавонад, ҳар як гуруҳи шаҳрвандони табақҳхои иҷтимои аҳолии дохил шавад ва аз он истифода барад.
Қайд кардан ҷоиз ҳаст, ки туризми иҷтимои дар баъзе давлатҳо барои коркунони давлати таалуқ дошта, дар қисми дигари мамлакатҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ, барои роҳибон аз аъзо ҳақиқи худ ба ҳач мефиристонанд ва дигар табақаи аҳолии муайян карда шудааст.
азъи туризми иҷтимоӣ дар декларатсия оиди туризми иҷтимои дар соли 1981 дар шаҳри Манила қабул шудааст, ки ба он дохил карда шуд, ки мувофиқи он ба туризми иҷтимоӣ ҳамагуна субсидияҳои давлати аз қабили воситаҳои итифоқҳои касаба ба монанди роҳхатҳои туристи, санаторияву курортҳо, хонаҳои истироҳати барои мактаббачагон ва донишҷуён ҳамагуна лагерҳо, ки киммати онҳо 70-90 % арзонтар ё ин ки ройгон мебошад.
Нафақахурон, иштирокчиёни ЧБВ, хизматчиёни ҳарбӣ ба табақаи махсуси туризми иҷтимои дохил буда, ба онҳо имтиёзҳои махсус дода шудааст.
Туризми ҷавонон аз руи шакл яке аз категорияҳои туризми иҷтимои ба ҳисоб меравад.
Ташкилотҳои бисёри соҳаи туризм (меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, атраксионҳо) дар раванди туризми иҷтимоӣ мушаххас иштирок менамояд. Кудакон ва наврасон бисёри вақт маҳсулоти туристии соҳаи туризми иҷтимоиро арзонтар аз нархи муқаррари дастрас менамоянд.
Ҷавонон ва донишҷуёне, ки сину солашон аз 25 поён мебошад, ба ҷойгиркунӣ ва хурду хурок имтиёз доранд.
Мисол дар мамлакатҳои ШМА « туризми хостели » мавҷуд мебошад, ки он барои сафарҳои ҷавонон ба мамлакатҳои дигар барои омузиши урфу анъана ва фарҳанги миллатҳои дигар пешбини шудааст.
Сатҳи туризми иҷтимоӣ дар бисёр мамлакатҳо 80% – и ММД ва 50% – и мубодилаи байналхалқиро ташкил медиҳад.
Туризми иҷтимоӣ бо ҳамаи тарафҳои мусбии худ инчунин тарафҳои манфи низ дорад, ки ба индустрияи туризм таъсир мерасонад ҳангоме, ки хатсайрҳо ба мавсими туристи рост меояд, шахсоне ки бо имтиёзҳои туристи ба курорт ё санатория меоянд, ҷойи бисёри туристон ва меҳмононро мегиранд, вале агар ҳамаи имтиёзҳои ин шахсон аз тарафи давлат маблағгузарӣ карда шавад ҳам, бисёри вақт онҳо фақат барои хизматрасониҳои пешкашкунандагони туризм пешбинӣ нашудааст, ки ин таъби хизматчиёнро хира месозад. Ҳатто ба он қисмати туристоне, ки бо имтиёзҳои туризми иҷтимоӣ меоянд, хизматрасонии худро на ҳама вақт ба онҳо таъмин мекунанд, ки ин метавонад боиси қафокашии туризми иҷтимоӣ шавад. 
Дар мамлакатҳои Аврупо туризми иҷтимоиро бо даромади паст, ки барои гирифтани хизматҳои баланд сифат имконият надоранд, муқоиса мекунанд. Ин категорияи шаҳрвандон барои гирифтани маълумотҳое, ки характери иҷтимои дорад, муҳточ мебошанд.
Чи хеле, ки дар боло қайд намудем ин инвалидон (майюбон),, нафақахурон, оилаҳои серфарзанд, кудакони ятим ва шаҳрвандони камбизоат ба ин категория дохил мешаванд.
Ширкатҳои байналхалқӣ, ки ба масъалаҳои туризми иҷтимоӣ кор мекунанд; РАСТ, ки аъзои БИТС мебошад. 1 – июни соли 1963 дар Брюсел ташкил шудааст. БИТС яке аз аъзоҳои ( ТУТ ) мебошад. Дар доираи ТУТ ва БИТС доимо семенарҳо ва конференсияҳо оиди масалаҳои туризми иҷтимои гузаронида мешавад.
ТУТ расман мақсадҳои туризми иҷтимоиро дар декларатсияи Манила соли 1981 тасдиқ намуд.
Туризми иҷтимоӣ – мақсади ин барои он ки табақаи болои ҷамъият барои таъмин намудани истироҳат барои аҳоли камбизоат саҳи кунанд. Деклоратсияи Монреали « Ба тобеъияти иҷтимоӣ ва гуммони туризм », ки Ассамблеаи Генерали ( БИТС ) 12- сентябри соли 1996 қабул намуд, яклухт ба масъалаҳои туризми иҷтимоӣ бахшида шуда буд, ин чунин номгузари шудааст « ҷамъияти дизайнери ( зебосози ) ва муҳаррики инкишофи туризм».
Таъмин намудани ҳамаи шароитҳои истироҳат барои оилаҳои серфарзанд, ҷавонон ва пиронсолон лозим аст, як қатор омилҳоро ба тартиб даровардан, ба монанди муайян намудани сайёҳати иҷтимоӣ туристи давлат, қабул намудани актҳои нормативӣ ва қонунбарор, ташкил намудани инфрасохтори иҷтимоӣ, таъмин намудани системаи механизми барои ёрдам ба аҳолӣ камбизоат, тайёр намудани кадрҳо дар системаи туризми иҷтимоӣ дохил мешавад, ташкилкунандагони он, итилооти кори ва ғайра.
Ҳазорон одамон дар ҷаҳон сайёҳат мекунанд ба шарофати туризми иҷтимоӣ.
Дар моддаи 13 декларатсияи Монреали БИТС категорияҳоеро муайян намуданд, ки метавонад туризми иҷтимоиро ташкил намоянд.
Барои ташкил намудани туризми иҷтимои ташкилотҳои туристи гуногун метавонанд иштирок намоянд, ки дар оинома ё ин ки регламент аниқ характери иҷтимоӣ ва мақсади таъмин намудан ва дастрас намудани туризм ва сайёҳат барои микдори муайяни одамон муайян шуда бошад, ва мақсади асосиашон гирифтани фоида набошад, хусусияти ташкил намудани туризми иҷтимои ба чунин шартҳо ҷудо мешавад;
– намудҳои фаъолияти пешниҳод намуда бояд халли иҷтимои, мақсадҳои фарҳанги, ки барои ҳурмату эҳтиром ва инкишофи одамон таалуқ дорад пешниҳод шавад;
– аник муайян намудани клиентураи максаддор; дар ин ҷо дискриминатсияҳои фарҳанги, дини, сиёси, фалсафи ё ки нишонаҳои иҷтимои вуҷуд надорад;
– аник муайян намудани таъминоти интегратсиони саводнокии туризми иҷтимои ва атрофии мавкеъ;
Новобаста ба ин муваффақиятҳои ноил шуда, туризми иҷтимои ҳамон вақт мустаҳкам мешавад, ки ба сатҳҳои иҷтимои, сиёси дар соҳаи туризми милли, дини ва байналхалки мустаҳкам шавад. Ташкил намудани туризми иҷтимои, ки мақсадаш гирифтани фоида намебошад, барои ҳамин вақтҳои охир ба мушкилотҳои зерин ру овардааст;
– проблемаи ташкил намудани уҳдадориҳои хозира замон базаи модди туризми иҷтимои;
– надоштани базаҳои нормативи ва конунбарор;
– проблемаҳои итилооти ва психологи, ки истироҳаткунандагони системаи туризми иҷтимои ру ба ру мешаванд;
– зиёдшави стандартҳои сифатноки хизматрасонии туризми иҷтимои;
– шакли ба таври модди кумак намудани ба мизоҷони туризми иҷтимои ва як қатор проблемаҳои дигар.
Ба шаклҳои кумакрасони модди, ки аз хизматрасониҳои туризми иҷтимои истифода мебаранд, яке аз онҳо – ин чекҳои истироҳати ба ҳисоб меравад.
Онҳо дар яке аз мамлакатҳои Аврупои васеъ истифода бурда мешавад. Ҳамин тавр барои системаи чеки истироҳати дар Фаронса Ассатсияи Милли Фаронса кор мекунад, ва дар Швейтсария бошад – кассаҳои сайёҳати Швейтсария машгул мебошад.

      Категорияи шахсони, ки барои льготҳои туризми ичтимои ҳуқуқ доранд дар ҷадвали зерин  дида мешавад.

 

Категорияи истеъмолкунандагон

Намуди муассисаҳои ҷо ба ҷокуни

Вакти макон

Кудакон аз оилаи серфарзанд,ҷавонони таҳсил мекардаги

Лагери меҳнат ва истироҳат, турбаза, санатория, хонаҳои иистроҳати

Каникулҳои донишҷуён, отпускҳо

Аҳолии камбизоат

Турбаза,хонаҳои истироҳати,санатория

Мавсими доими

Нафақахурон

 

Мавсими доими

Маъюбон

Турбаза,хонаҳои истироҳати,санатория

Мавсими доими

 

   

Дар давраи шурави ташкилотхои Совети Марказии Умумииттифокии Иттифоқҳои Касаба ( ВЦСПС ) ва Бюрои байналхалки туризми ҷавонон (БММТ ) ба туризми иҷтимои сару кор доранд. ҳачми хизматрасонихои ВЦСПС дар соли 1989 42 млн нафар турист ва 226,1 млн экскурсантонро ташкил дод, ва ҳаҷми хизматҳое, ки дар ҳамин сол пешниҳод шуд ба 3 млрд рубл расид, шумораи коркунон 170 ҳазор нафарро ташкил медод.Ҳачми хизматхои туристи БММТ « спутник » дар ҳамон сол 6,2 млн нафар ва ҳачми
хизматҳо ба 365 млн рубл (дар нархҳои соли 1989) ва шумораи коргаронаш тақрибан 7 ҳазор нафарро ташкил дод.
Туризми иҷтимои дар конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои туризм » чунин шарҳ дода шудааст.
Туризми иҷтимои – сайёҳате, ки аз маблағҳои аз тарафи давлат барои эҳтиёҷоти иҷтимои ҷудо карда пардохта мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон ягон ташкилот, муассиса ва корҳонае нест, ки ба ин намуди туризм машгул бошанд. Ба ғайр аз федератсияи иттифоқи касаба, ки бо ин масала сару кор дорад.
Дар конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи туризм » самтҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи туризм барои инкишоф додани туризми иҷтимои, дохили, воридоти ва худ фаъолияти чунин самтҳои асоси номбар шудааст.
Самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи туризм дастгири ва инкишофи туризми дохили , воридоти , иҷтимои ва худфаъолати мебошад.
Танзимкунии давлатии фаъолияти туристи бо роҳҳои зайл амали гардонида мешавад:
-эҷод намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқи, ки ба ташаккули муносибатҳо дар соҳаи саноати туристи равона карда шудаанд;
-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати давлат дар соҳаи туризм ;
-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои туристон, таьмин намудани беҳатарии онҳо;
-муқаррар намудани тартиби стандартизатсия, сертификатсия ва литсензиякунони дар соҳаи туризм ;
-ҳавасмандкунии маблағгузори милли ва хориҷи барои инкишофи фаъолияти туристи ;
-фароҳам овардани имкониятҳои якхела дар бозори хизматрасонии туристи барои субъектҳои соҳибкор новобаста аз шакли моликият, дастгирии инкишофи рақобат, таъмин намудани риояи конунгузории зидди монополияви дар ин соҳа;
-вусъат додани ҳамкори бо мамлакатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналхалқи ,иштирок дар барномаҳои байналхалқии туризм ,коркард ва
бастани шартномаҳои байналхалқии ду ва чанд тарафа дар соҳаи туризм ва муайян кардани тартиби амали намудани онҳо.

Фаро гирифтани донишчуён ба мавзеҳои истироҳатӣ дар таътили тобистона низ шомили туризми иҷтимоӣ мегардад.

Розияи Рустам,

донишҷӯи соли якуми риштаи

менеҷменети экологӣ ва аудит дар саноат