Мудири кафедраи «Геология ва корҳои нафту газ», номзади илми техникӣ, дотсент Мирбобоев Ш.Ҷ. бо маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи «НЕФТЕГАЗОВЫЙ ПОТЕНЦИАЛ СЕВЕРНОГО ТАДЖИКИСТАНА ПРОБЛЕМЫ И РЕШЕНИЯ» дар доираи Форуми байналмилалии илмӣ, ки аз ҷониби Донишкадаи политехникии Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд.Маърӯза дар сатҳи баланди илмӣ пешниҳод гардид, ки дар он маълумоти муосири геологию саҳроӣ таҳлил гардида, мушкилоти асосӣ нишон дода шуданд ва роҳҳои самарабахши истифодаи захираҳои нафту гази шимоли Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Суханронии ӯ таваҷҷуҳи зиёдро дар байни иштирокчиёни форум ба бор оварда, баҳои мусбии ҷомеаи илмиро гирифт.
Ҳамчунин, бо маърӯзаи пурмуҳтаво дар форум декани факултети корҳои кӯҳӣ, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Самадова Г.М. баромад намуда, дар гузориши худ ба масъалаҳои рушди устувори соҳаи истихроҷи маъдан, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои илм ва маориф диққати махсус доданд.