Рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯёни кафедраи Геология ва корҳои нафту газ

        Тибқи нақшаи раванди таълим, донишҷӯёни бахши 4 ихтисоси 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ таҳти роҳбарии профессори кафедраи геология ва корҳои нафту газ Олимов А.А. ба таҷрибаомӯзии пеш аз хатм ба ҶМДММ “Петролеум Суғд” ва ҶСК “Суғднафту газ сарфарбар шуданд.

         Ҳангоми таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бо участкаи истиҳроҷи нафт №2 “Зархок”, ҳадамоти нақлиётии ҶМДММ “Петролеум Суғд”, базаи хизматрасонии саноатии ҶСК “Суғднафтугаз” шинос шуданд. Дар ин минтақаҳо донишҷӯён аз фаъолияти участкаи таъмири насосҳо, таҷҳизотҳои таъмирӣ ҷорӣ ва капиталӣ, компрессорҳо, участкаи санҷиши қубурҳои насосию компрессорӣ (опрессовка) шинос шуда корбарӣ намуданд.