Интишор

Соли ҷорӣ дар донишкада 145 адад корҳои илмӣ-методӣ, аз он ҷумла 4 китоби дарсӣ, 2 нахустпатенти
ҶТ, 19 дастури таълимӣ методӣ, 145 мақолаю фишурдаю маърӯзаҳо, ки аз онҳо 16 то дар хориҷи кишвар
нашр шудаанд, ба чоп расиданд. Аз ин рӯ донишкада соли 2014 соҳиби иҷозатнома оид иба тайёр
намудани кадрҳои илмӣ (аспирантура) гардид, шумораи аспирантон ва унвонҷӯён нисбат ба солҳои
2010, 2011, 2012, 2013 зиёд гардиданд. То ҳол тайёр кардани мутахассисони илмӣ (аспирантҳо,
унвонҷӯён) дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурӣ амалӣ карда мешуданд. Соли 2014 ва 2015
14- нафар ба аспирантураи донишкада дохил шуданд.