
Мусаллам аст, ки гузаштагони мо барои беҳтар гардидани зиндагии башарият ва равшан намудани чароғи илм бисёр талошҳо намудаанд ва дар таърихи башарӣ ҳамчун аввалин ситорагони илм шинохта мешаванд. Ҳофизаи таърихии миллат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки миллати сарбаланди тоҷик барои рушди илмҳои мухталиф саҳми беанзир гузоштааст ва ҳамин аст, ки фарзандони ин миллат бо номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯнасри Форобӣ, Закариёи Розӣ, Муҳаммад Мусо Хоразмӣ, Маволоно Ҷалолиддин Балхӣ, Шайх Саъдӣ, Абӯмаҳмуди ХӯҷандӣАбдураҳмонӣ Ҷомӣ, ва садҳои дигар дар ҷаҳони илми башарӣ ҳамчун асосгузор ва муаллифи формулаҳои мухталиф шинохта шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз шахсиятҳои миллӣ дастгирӣ намуда, барои арҷгузорӣ ба ин чеҳарҳои илми ҷаҳонӣ чорабиниҳои бошукӯҳ баргузор намудааст. Аз ҷониби дигар номгузорӣ намудани шаҳру навоҳӣ, муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ, марказҳои илмӣ ин арҷгузорӣ ва ҳамзамон эҳтиром ба ин шахсияҳои фарзонаи миллат мебошад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, шахсияти Абурайҳони Берунӣ барои мо ва ҷаҳониён ҳамчун зуфунун ва асосгузори илмҳои зиёде шинохта шудааст ва ин фарзонаи илми башарӣ дар ҷаҳон ҳамчун фарзанди тоҷику форс шинохта мешавад.
Шуҳрати Берунӣ он қадар баланд буд, ки ҳатто дар замони худ таваҷҷуҳи олимони зиёдеро ба худ ҷалб карда буд ва дар тамоми асрҳо ба омӯзишу пажӯҳиши осори ӯ пардохтаанду аз вай ҳамчун олиму асосгузори илмҳои мухталиф ёдовар шудаанд.
Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов саҳми Беруниро дар илм дар суҳбате бо хабарнигори нашрияи “Садои Мардум” чунин арзёбӣ намудааст: “осори илмии Берунӣ беназир аст ва то ҳол дар олами илм маълуму машҳуранд ва аҳамияти худро гум накардаанд. Чунончи, масоҳати Заминро бори нахуст ӯ муайян намуд ва он аз ҳисобҳои имрӯза, ки донишмандон анҷом додаанд, хеле кам тафовут дорад.
– Саҳми ӯ дар илми риёзӣ, хоса инкишофи арифметикаи назариявӣ, муттаҳид сохтани назарияи ададҳои бутун низ бузург аст. Кашфиёти зиёди Берунӣ дар илми ҷуғрофия — пас¬тиву баландиҳо ва умқи замин ва маъданҳои қаъри он дар он даврон беназир буданд. Албатта, ин ҳама дар илм кашфиёти ҷолиб ва заминаи хубе барои оянда гардид, ки дар асоси он донишмандон боз чандин бозёфти нави илмӣ намудаанд.”
Бузургону муҳаққиқони ҷаҳонӣ мисли Ибни Халдун, Саид Ҳусайн Нури, Муҳаммад Иқбол, Фазлуллоҳ Раҳимӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Юсуф Хон Кобулӣ, Муҳаммад Абдулҳай Ҳошим, Эдвард Кендалл, Шамсуддин Алӣ, Бенжамин Саплл, Петерс Ройтс, Джон Уилкокс, Томас Пирс, Марвин К.Уайт, Francois de Blois, Джон Лейдлер, Александр Браун, Питер Ҳолмс ва садҳои дигар осори Беруниро таҳқиқ намудаву барои ҷаҳониён чеҳраи илмиро бозкушоӣ кардаанд.
Абурайҳони Берунӣ роҷеъ ба заргариву минералогия низ асарҳои таъсирбахш офаридаву назарияи хешро пешниҳод намудааст ва дар ин самт саҳми арзишманде гузоштааст.
Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсати мувофиқ ва ҳамзамон барои арҷгузорӣ ба ин чеҳраи илмии башарӣ ва фарзанди миллати тоҷик аз роҳбарияти донишкада ва ниҳодҳои дахлдор хоҳиш менамоем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба номи Абурайҳони Берунӣ номгузорӣ карда мешуд, хидмате дар роҳи шинохти ин абармарди олами илм сурат мегирифт.
Ҳамчун раиси Иттифоқи касабаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фикр менамоям, ки дар ин шабу рӯз ва вазъи пурпечутобӣ ҷаҳонӣ амалӣ намудани ин иқдом, яъне номгузорӣ намудани Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба номи Абурайҳонӣ Берунӣ бар манфиати миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва иҷрои арзи эҳтиром хоҳад буд.
Давлатзода Давлат
Раиси Иттифоқи касабаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон