ИНТИХОБИ ДУРУСТИ КАСБ БА ИНСОН САОДАТ МЕОВАРАД

#ДИДГОҲИ_ХОС
Интихоби касби оянда дар мо чӣ тавр сурат мегирад?
Оё хатмкунанда мустақилона худаш касби ояндаашро интихоб менамояд?
Оё довталаб дар интихоби касби оянда озод аст?
Оё довталабон дар интихоби касб мушкилӣ намекашанд?
Таъсири волидайн ва роҳбари синф дар интихоби касб ба хатмкунанда зарар дорад ё фоида?
Оё довталабон аз рӯи воқеияти мавҷуд касби ояндаашонро интихоб менамоянд ё аз рӯи ҳавову ҳавас?
Ин ва чанд суоли дигаре ҳаст, ки дар ин шабу рӯз барои ҳар як хатмкунанда ё худ довталаб донистанаш зарур мебошад.
Маъмулан дар ин айём довталабон барои интихоби касби ояндаашон андак саросема мешаванд ё ба хотири ҳамсинфонашон ё ба хотири кадом блогери машҳур ё сарватманде, ки дар интернет дар борааш маълумот бисёр аст, носанҷида касб интихоб мекунанд, ки оқибаташ он қадар хуб нест ва ин амал инсонро дар нимароҳ қарор медиҳад.
Борҳо шудааст, ки одамон бо нодуруст интихоб намудани касб дар зиндагӣ ноумед шудаву аз саросемагии худ пушаймон гардидаанд.
На ҳама ихтисосҳо, ки номи воҳиманок доранду овозаи баланд маоши хуб доранд. Ба ҳамин далел довталаб набояд, ки фирефтаи овозаву номҳои воҳима бигардаду дар интихоби касб ба мушкил рӯбарӯ шавад. Аз ҳама чизи муҳим имрӯз барои довталаб интихоби касби дуруст аст. Дар дунё зиёда аз 50 ҳазор номгӯи касбу кори гуногун мавҷуд аст, ки на ҳамаи он барои инсон саодат меоварад.
Шахс бояд дар интихоби касб озод бошад ва дуруст касбашро интихоб намояд.
Довталабон бояд дар вақти интихоб бо волидайнашон мулоқот кунанд, машварат гиранд, бо омӯзгори пуртаҷрибаашон машварат намоянд, лек зарфиятҳои инфиродии хешро низ ба инобат гиранд. Хатмкунанда ё худ довталаб набояд, ки ба иҷбор касб интихоб кунад. Интихоби нодурусти касб ба инсон як умр кулфат меорад. Масалан ҳамин дирӯз як гурӯҳ хонандагони синфи 11 ба нуктаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, ҳамаашон пурра як ихтисоси донишгоҳеро интихоб намуданд ва сабабаш ҳам супориши роҳбари синфашон будааст.. Магар ин зарба задан ба ояндаи насли ҷавон нест?
Довталаб набояд ба чунин иштибоҳ роҳ диҳад. Муҳитро друст омӯзад ва бинад, ки ҳоло кадом касбу кор дар бозори меҳнат сахт зарур аст.
Беҳтар аст, довталаб аз рӯи сегонаи “мехоҳам, муҳим ва метавонам” касбро интихоб намояд, то дар ҳама ҳолат муваффақ шавад.
Мехоҳам- яъне мехоҳам бихонам, соҳиби касб шавам, ба ин сахт эҳтиёҷ дорам.
Муҳим- яъне бозори меҳнат ба ин касб ниёз дорад ва ин пеша барои ҳамешагӣ муҳим аст.
Метавонам- яъне ин имкониятро дорам ва аз уҳдааш мебароям, донишҳои кофӣ дорам.
Инро ба тарзи дигар ҳам шарҳ додан мумкин аст, лек ҳамин тарзи соддааш барои довталаб умедворам, ки фаҳмо хоҳад буд.
Инсон набояд аз рӯи ҳавову ҳавас ва роҳнамоии блогерон касб интихоб намояд. Инсон бояд бо ирода ва тавсияи донишмандони соҳа пешаи ояндаи худро интихоб намояд.
Ҳамин шабу рӯз барои довталабон пеш аз ҳама интихоби касбҳои зарурӣ ва махсусан дар бозори меҳнат харидордор муҳим аст. Масалан дар ҷумҳурӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чорум эълон карда шудааст ва хатмкунандагонро зарур аст, то дар самт ихтисосҳоро интихоб кунанд.
Фарзи мисол 29 ихтисоси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон феълан хеле зарурӣ ва дорои харидор дар бозори меҳнат мебошад.
Интихоби ин ихтисосҳо метавонад, насли ҷавонро ба ояндаи дурахшон бирасонад. Хатмкунандагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар корхонаҳои бузурги саноатии кишвар фаъолият доранд ва моҳонаи хеле хуб мегиранд. Яъне, хатмкунандаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар кутоҳтарин фурсат соҳиби зиндагии шоиста ва босаодат мегардад, ки ин ҳам аз интихоби дуруст шаҳодат медиҳад.
Барои сохтани зиндагии шоиста дар Ватан довталабони арҷманд ихтисосҳ
ои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро интихоб намоед.
Ҳамчун шаҳрванд ва як нафар донандаи хуби ҳолати бозори меҳнати кишвар тавсия медиҳам, ки ихтисосҳои ин донишкадаро интихоб намоед.
Рамзи донишкада дар ММТ 201 мебошад!
Муҳаммад Саидов
фаъоли ҷомеа