Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 75-солагии зодрӯз ва 53-солагии фаъолияти илмӣ, истеҳсолӣ ва педагогии профессор Юнусов Музаффар конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Конфронсро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти меҳнатӣ, дастовардҳои илмӣ ва истеҳсолии доктори илмҳои кмиё, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон Юнусов Музаффар сухан ронда, изҳор дошт, ки қадршиносӣ аз чунин олимони пешоҳанг ва саҳмгузор дар рушди илм, тарбиякунандаи садҳо шогирдони муваффақ, олимону пажӯҳишгарон ин қадршиносӣ аз соҳаи илму маориф мебошад. Юнусов Музаффар аз шахсиятҳои номдор ва олимони сермаҳсул ва инсони хоксору заминӣ ва донишманди беназир буда, барои тарбия намудани шогирдон дар донишкада ва рушди илму маориф саҳми босазои хешро гузоштааст, ки мо ин хидматҳои устодро ҳаргиз фаромӯш намесозем. Юнусов Музаффар на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар Федератсияи русия ва Иттиҳоди Аврупо низ ҳамчун олим ва пажӯҳишгари навовар шинохта шудааст ва ин боиси ифтихори мо ҳайати профессорию омӯзгории донишкада мебошад. Саҳми профессор Юнусоф М.М. дар рушди илми башарӣ низ беназир аст. Дар ин лаҳзаҳои хурсандӣ ва фараҳбахш ба устоди арҷманд, профессор Юнусоф Музаффар Мамадҷонович умри дарози пурбаракат ва саодатмандиву сарбаландӣ ва дар идомаи зиндагӣ ва тарбияи шогирдон муваффақият таманно менамоем.
Сипас, дар конфронс намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода табрикоти раиси вилоятро бахшида ба ин санаи нек манзури ҳозирин гардонид. Ҳамчунин, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолзода низ профессор Юнусов Музаффарро табрику таҳният гуфта, аз саҳми ӯ дар рушди илму истеҳсолот ёдрас гардиданд.
Ҳамзамон дар чорабинии имрӯза муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин дар мавзуи “Олим, саноатчӣ, омӯзгори нуктасанҷ”, Аъзои Президиуми Академияи Муҳандисии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Самизода Ш.Р. дар мавзуи “Технологияи коркарди маъданҳои фосфати кони Риват”, директори филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Суғд, н.и.х. Исомаддинзода М.Э. дар мавзуи “Бо амри тақдир”, дотсенти кафедраи экологияи ДКМТ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳоҷиён М.Қ. дар мавзуи “Пайвандгари илму истеҳсолот” ва мудири кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он, дотсент н.и.х, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Охунова У.Р. дар мавзуи “Дар шоҳроҳи зиндагӣ” суханронӣ намуда, аз лаҳзаҳои мухталифи ҳаёт, аз корҳои илмии анҷомдодашуда ва аз сафарҳову сафардидҳо ва аз хислатҳои неки Юнусов Музаффар ёдрас шуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ ҳамкасбону рафиқон ва шарикдарсону дӯстон низ ширкат намуда, ба ифтихори 75-солагии соҳибҷашн меҳрномаҳои хешро нисори ӯ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон гузаронида шуд.