Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони сиёсии ҷаҳон ва сиёсатмадорони арсаи байналхалқӣ оид ба масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва ифротгароӣ бо таклифҳои сулҳҷӯёнаи худ дар сафи пеш қарор доранд. Масъалаи терроризму экстремизм ва сиёсати ҷаҳонишавии давлатҳои абарқудрат бори дигар суханони Пешвои миллатро, ки «Терроризм Ватан, дину мазҳаб ва миллат надорад» гуфта буданд, исбот намуд. Дар ҷаҳони имрӯза терроризм дар шаклу усулҳои гуногун зуҳур менамояд ва дар байни аҳолии сайёраи замин тарсу ваҳмро бо гунаҳои мухталиф ба вуҷуд меоварад.
Имрӯз, дар ҷаҳони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақат бо масъалаҳои танқисии аҳолии сайёра аз оби нӯшиданӣ, экология, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, балки дар масъалаи муборизаи пуршиддат бо терроризму экстремизм низ мавқеи муносибро ишғол намуда, баҳри ҳифзи аҳолии осоишта аз ин падидаи номатлуби замони мусоир ба таври мудовим муборизаи беамон мебарад.
Албатта, дар ин самт таъкид намудан зарур аст, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм кори дастаҷамъист ва аз шаҳрвандон низ масъулият талаб менамояд.
Дар навбати худ мо, омӯзгорон, аҳли зиёро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони мусоир минҷумла терроризму экстремизм мунтазам мубориза барем ва барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, пок намудани мафкураи экстремистӣ саҳми худро гузорем. Ҳамчунин, бо тақозои замон ва имкониятҳо аз роҳҳои гуногуни мубориза бар зидди ин хатари умумиҷаҳонӣ истифода намоем, ҳеҷ хатаре барои ноором намудани ҷомеаи башарӣ ва ҳамватанони азизамон боқӣ намонад.
Таъкид намудан зарур аст, ки дар байни ҷавононе, ки қишри осебпазири ҷомеа баҳисоб мераванд, бояд мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем, бештар ҷавононро ба тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба намудҳои мухталифи варзиш даъват намоем. Зеро ин раванд ба солимии ҷомеа таъсири мусбат расонида, дар миёни омма фарҳанги “насли ҷисман солим-рӯҳан солим”-ро равнақ медиҳад, ки ин чиз ҷавононро аз роҳи бад боз медорад. Ва аз ҷониби дигар варзиш низ сарҳаду миллат надорад ва қосиди сулҳ дар дунё маҳсуб меёбад!
Мусаллам аст, ки дар шароити кунунӣ созмонҳои террористӣ ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ роҳҳои гуногунро истифода менамоянд, то зарару зиёни худро ба аҳолии осоишта бирасонанд ва ҳамзамон аз шабакаҳои иҷтимоӣ низ барои гумроҳ сохатни насли наврас ва ҷавон истифода месозанд, ки ин ҳам хатари бузур дониста мешавад. Дар ин ҷода омӯзгорон бояд моҳияту мазмуни терроризму экстремизмро ба ҷавонон мунтазам фаҳмонанд, роҳи дурусти истифода аз шабакаҳои иҷтимоиро нишон диҳанд ва аз хатарҳои муосир огоҳ созанд. Зеро мо шоҳиди бисёр ҳодисаҳои амсоли гумроҳ шудани ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ будем ва мушоҳида намудем, ки бисёре аз ҷавонон фирефтаи шабакаҳои интернетӣ гардида ба ин падидаи номатлуб майл пайдо карданду гумроҳ гардида, ҳаёти хешро сӯзониданд, ки мушкили ҷомеа мебошад.
Аз ин лиҳоз, бо арқому далелҳои нишонрас, маълумоти дақиқ ва матлаби қавӣ ҷавононро бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзи сстиқлолияту ваҳдати миллӣ, корнамоии гузаштагонамон ва эҳёи фарҳанги қадимаи миллатамон тарбия намоем.
Мо, омӯзгорон бояд ватандӯстиро дар партави кору пайкори Сарвари хирадманди давлат ба донишҷӯён тарғибу ташвиқ намоем. Зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи баланди садоқат ба Ватан, Президент, Конститутсия тарбия намуда, хештаншиносу худогоҳ ва миллатдӯсту баномус гардонем.
Тавре дар боло ишора намудем, терроризм ва экстремизм имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни олам реша давондааст ва ва барои гирифтани пеши роҳи ин хатари бузург бар инсоният мо, бояд ҳамеша омода бошему барои нест намудани гурӯҳу созмонҳои ифротӣ муборизам беамон бубарем.
Мо, бояд дар роҳи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, созмонҳои душманони миллат, чунон мубориза барем, ки нишоне аз номи бад, нишоне аз гурӯҳу созмонҳои террористӣ боқӣ намонад.
Ҳамон гуна, ки борҳо бузургон қайд намудаанд, ҷавонон ояндаи миллат мебошанд ва вазифаи аввалиндараҷаи мо аҳли зиё, ҳайати омӯзгорӣ ин дар роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон ва фарди содиқу меҳандӯст тарбия намудани онон мебошад. Ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол тарбия намоем ва кишвари азизамон Тоҷикистонро ҳифз намуда, дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдати Миллиро қадр намоем. Ҷавононро зери шиори поянда бод, сулҳу осоиштагӣ дар сайёраи замин ва нест бод, терроризму ифротгароӣ, бояд тарбия кард.
Мақсади ҳар нафар шаҳрванд ин орому осуда ва босаодат зистан аст ва мо омӯзгорон бояд доимо мубориза барем, то мафкураи ғайри миллӣ дар зеҳни ҷомеа роҳ наёбад, чунки андешаи бегона, идеяи бегона ин хатар бар амнияту суботи кишвар ва оромии шаҳрвандон мебошад.
Илҳомзода Армоншо
мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандии
ДКМТ