Таҷлили Рӯзи Модар дар донишкада

Имрӯз дар талорои маҷлисгоҳи калони донишкада бо ширкати роҳбарият, ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва занону бонувон, донишҷӯён Рӯзи Модарон  дар донишкада таҷлил карда шуд. Чорабиниро бо қироати шеъри зебое дар васфи Модар сардори раёсати таълим ифтитоҳ намуда, сипас суханро ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дод. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бонувонро ба Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, бар онон сарбаландиву саодатмандӣ ва тансиҳативу муваффақият таманно кард.

Мавсуф арз дошт, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамасола рӯзи модарон бо тантанаву шукуҳи хоса таҷлил карда мешавад ва ин пеш аз ҳама аз мақому мартабаи зан-модар шаҳодат медиҳад. Занони баору номуси тоҷик ҳамеша дар тарбияи насли меҳандӯсту хештаншинос саҳми арзанда мегузоранд, ки бо ҳамин далел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа пайваста талош менамоянд.
Ҳамин аст,  ки дар суханронии хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боре таъкид намуда, чунин андешаронӣ карда буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Дар ҳақиқат занони баору номуси миллат борҳо исбот намудаанд, ки метавонанд дар баробари мардон барои ҳифзи марзу бум ва арзишҳои миллӣ ҷоннисорӣ намоянд…

Ҳамзамон, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба нақши занони омӯзгор ва саҳмгузор дар соҳаи  маориф саҳмгузор ёдовар шуда, таъкид дошт, ки бонувони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  дар тарбия намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат  саҳми арзанда доранд ва ҷомеа ин хидматҳоро ҳаргиз фаромӯш намесозад. 

Сипас, ба бонуи фаъол ва омӯзгори донишкада Ҳомидова Машҳурахон нишони сарисинагии “Аълочии маориф” ботантана аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз номи мардони муассиса ба бонувони фаъол туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуда, изҳор дошт, ки занону бонувон шоистаи эҳтироми воло ва баланд ҳастанд. 

Баъдан, аз ҷониби гурӯҳи ҳунарии “Ҷилои ёқут”-и донишкада барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.