
Имрӯз дар донишкада қабули шаҳрвандон ба нақша гирифта шуда буд ва як нафар сокини шаҳри Бӯстон Аҳатова Муҳтарам бо аризаи худ муроҷиат намуд.
Дар қабули шаҳрвандон ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада дотсент Давлатзода Давлат, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Комилова Хуршеда, сардори шуъбаи ҳуқуқ Қаноатова Санавбар ширкат намуда, арзи шаҳрвандро баррасӣ намуданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аризаи шаҳрванд Ахатова М.- ро, ки барои бо ҷойи корӣ таъмин шудан муроҷиат карда буд, баррасӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ намудани шаҳрванд ва бо ҷойи корӣ таъмин намудан, ба масъулин дастуру супориш дод.
Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳар ҳафта сурат мегирад ва шаҳрвандон метавонанд тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба он ҳузур ёбанд.