Ширкати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар маъракаи ниҳолшинонии кафедраи геология ва корҳои нафту газ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳратҷон, сардори қисми хоҷагидорию маъмурӣ Азизов Қурбон ва сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём дар маъракаи ниҳолшинонии кафедраи геология ва корҳои нафту гази донишкада ширкат намуда, як чанд ниҳоли мевадиҳанда дар қитъаҳои мухталифи донишкада шинониданд. 

Дар умум дар боғот ва қитъаҳои гуногуни донишкада аз ҷониби кафедраи геология ва корҳои нафту газ зиёда аз 120 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд. 

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни шинонидани ниҳолҳо ба мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳратҷон ва ҳайати профессорию омӯзгории кафедра барои роҳандозӣ намудани чунин ташаббус изҳори миннатдорӣ баён намуданд.