Баргузории шанбегии умумӣ дар донишкада

Имрӯз дар донишкада шанбегии умумӣ баргузор карда шуд, ки дар он ҳайати профессорию омӯзгорӣ, донишҷӯёну кормандони факултетҳои металлургия, электромеханика ва корҳои кӯҳӣ, ҳамчунин кормандони бахши хоҷагӣ фаъолона иштирок намуда, саҳни донишкада, хиёбону кӯчаҳои атрофи донишкадаро поккорӣ намуданд.

Ҳамчунин, як қисми кормандону донишҷӯён заминҳои корам боғоти муассисаро ба кишт омада намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи соҳавӣ ва ҳаҷман бузург дар шаҳри Бӯстон буда, дар поккориву ободонии шаҳри Бӯстон низ ҳиссаи худро мегузорад.