Аз таърих маълум аст, ки миллати тоҷик тамаддунофар ҳамеша ба қудрати сухан ниёз дошта, ҷонмояи он ақл, илм, маърифат, хирад, дунёшиносӣ, ҳикмат ба роҳи растагорӣ аст.
Мо бояд ба тарѓибу ташвиқ ва тарбияи идеалог, бавижа идеалогияи миллӣ, ки аз маҷмўи мулоҳизот, ѓоя, эътиқод, назарияҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва этетикиву фалсафӣ, арзиш ва ҳадафҳои муштарак сарчашма гирифта, мардумро дар меҳварӣ ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ ва арконӣ давлату давлатдорӣ муттаҳид месозад, беш аз пеш таваҷҷуҳ кунем.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста зикр менамоянд, ки “Терроризм Ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда ба ҳамдигар кумак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.
Ба қадри неъмати чун озодиву истиқлол расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдории миллиро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеъа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳангӣ волои миллӣ мебошад.
Мувофиқи таърихи пайдоиш, раванди шаклгирӣ, ҳадафу ният ва анвои мухталифи терроризми байналмиллалӣ ин далелро дар назди мо собит ва возеҳу ошкоро мекунад, ки дар паси ташкили ҳама гуна гурўҳу созмонҳои ифротиву террористӣ манфиатҳои нопоки иқтисодӣ, молӣ ва фитнаву дасисаҳои абарқудратҳо меистанд. Коршиносон мегўянд, ки ин неруҳои пасипарда ҳамасола маблаѓҳои ҳангуфтеро ба ҷойи истифода дар пешрафти илму фарҳанг, тарбияи наслҳо ва дар кулл, рифоҳу саодати башар, баръакс барои чархондани чархи фаъолият ва иҷрои амалҳои нопоки ин гурўҳу созмонҳо сарфу харҷ мекунанд.
Бегумон, решакан намудани терроризми байналмиллалӣ кори содаву осон нест, вале ҳадди имконпазири он муайян аст. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳамоҳангии фаъолияти башар барои несту нобуд намудани терроризм солҳо боз идома дорад ва дар ин роҳ натиҷаҳои чашмрасе ба даст омадааст, вале дар баробари ин, сиёсатҳои машкуки баъзе аз кишварҳои ҷаҳон, ки аз фаъолияти гурўҳҳои терроризму ифротӣ манфиатдоранд, садди асосӣ дар роҳи решакан намудани ин зуҳурот шумурда мешаванд.
Аз ин лиҳоз, баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон доимо омодаги дида, дар муқобили ҳама гуна афроди бадандеш истода, сади роҳи онҳо бошем ва ба ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ҷавоби мавофиқ намоем.
Омӯзгори калони кафедраи фанҳои умумитехникӣ Абдуллозода Б.Х.