ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ВА ХЕШТАНШИНОСӢ АСОСИ ШОМИЛ НАШУДАН БА ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасола ва суханрониҳои худ   доимо қайд менамояд, ки экстремизму тероризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Имрӯзҳо доир ба  зуҳуроти экстремизм ва тероризм дар ҳамаи расонаҳои иттилоотӣ  оид ба ин маводҳои зиёд   нашр мешаванд. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ба ҳисоб меравад.

Экстремизм ин равияи ба таври радикалӣ муқобил будани гурӯҳи одамон бо роҳбарии шахсони алоҳида  ба қонуну меъёрҳое, ки аз ҷониби давлат ва ҷомеъа этироф шудааст, мебошад. Мақсади ин равия бо ҳамагуна роҳ (идеологӣ, ташкили терактҳо, ба гаравбонӣ гирифтан, афрӯхтани нобоварӣ, бадбинӣ ва ҷанг, паст кардани шаъну шарафи шахсони алоҳида пеш аз ҳама сарварони давлатҳо) ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ  мебошад.  Худи мазмуни калимаи лотинии «extreme» – канорӣ,  якравана баромадан аз чорчубаи қонунҳои мавҷуда мебошад. Яъне мақсади гурӯҳҳои экстремистӣ ин пошидани тухми нобоварӣ ба ҳокимияти мавҷуда дар байни ҷомеъа ва бо ҳамин роҳ зиёд намудани сафи ҳамақидаҳои худ,  хусусан аз мобайни ҷавонон ва наврасон,  мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар дар арсаи байналмиллалӣ ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Гурӯҳҳои экстремистӣ дар ин ё он давлат аз ҷониби гурӯҳ ё давлати  ба ин давлат нигоҳи бадхоҳона дошта дастгирии ҳамаҷониба  карда мешаванд. Аз ин ҷост, ки гурӯҳҳои экстремистӣ  бо ҳар роҳ бо ақидаҳои худ асосан занону духтарон ва ҷавононе, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом ба пуррагӣ огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд.

 Солҳои охир хусусан экстремизми динӣ  хело авҷ гирифтааст, ки бо ҳар гуна ақидаҳои нодурусти динӣ ҷавонону наврасони дониши динии комил надоштаро зуд ба доми худ мекашанд.  Хусусан  аксарияти ақидаҳои гурӯҳҳои экстремистӣ  хилофи ақидаҳоии дини мубини ислом мебошанд, ки инро доимо арбобону олимони дини ислом тавассутии вомитаҳои ахбор ва дар масҷидҳо  қайд менамоянд. Яъне маблағгузорони гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ  худ душманони дини мубини ислом мебошанд.  Аз ҳамин нуқтаи назар дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши фанни диншиносӣ ҷорӣ карда шудааст.

Мо омӯзгорон бояд, ҷавононро барои дастгирӣ намудани  сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, пайравӣ намудан  бо суханони ӯ роҳондозӣ намуда, барои омодагӣ ба ҳифзи якпорчагии ин Ватани худ водор намоем.  Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки таърих, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад.  Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем, ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки роҳгум нагарданд.

          Омӯзгори калони кафедраи фанњои умумитехникӣ Усмонов Ш.