ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИЧТИМОӢ – ДИНӢ БА ҒОЯҲОИ ФИКРРОНИИ ҶАВОНОН

 Ба ҳамагон маълум аст, ки бузургтарин бохти ҳар миллат шикасти ахлоқи ҷавонон мебошад. Аз ин ҷо, маълум мегардад, ки ҷавонон маъмултарин ќишри осебпазири ҷомеъа буда, бо таъсири шабакаҳои ичтимоӣ – динӣ, ғояҳои фикрронии ҷавонон имконияти тағир додан ҷой дорад ва созмонҳои сиёсиву ифротии динӣ ба хотири амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки худ, бештар ба ҷавонон такя менамоянд.

  Гурӯҳҳои ифротиву террористӣ тавассути шабакаҳои ичтимоӣ – динӣ на танҳо ба давлат ва сохти конситутсионӣ, балки ба рӯзгори ободу осудаи ҳар як ҷомеъа, ба тарзи зиндагии ҳар яки мо, ба хонаву рӯзгор  ва молу мулки ҳар шахс имконияти таъсир расониданро дорад.

 Дар замони рушди илму техника, ҳоло ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ тавассусти шабакаҳои ичтимоӣ бо усули маҷозӣ сурат гирифта истода ва ғояҳои онҳо дар байни сокинони Ироқу Сурия, ки як қисми давлатҳо зери назорати гурӯҳҳои ифротӣ мебошад, тавассути васоити ахбори омма тарғиб мешавад.

 Аз ҳисоби надонистани маърифатҳои динӣ, бархе аз ҷавонон ба фарҳанги сиёсии ин гурӯҳҳои тундрав гумроҳ гардида, ғояҳои фикрронии манфиро қабул намуда, ба шахсияти ваҳшонияту қотил мубадал мегарданд.

 Барои пешгирӣ аз пайвастшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  бояд, тарбия аз ҷониби оила, мактаб ва ҷомеъа хуб ба роҳ монда шавад. Ҷавонон бояд зиракии сиёсии худро нигоҳ дошта, аз истифодабарии шабакаҳои ичтимоӣ – динӣ эҳтиёд гардида, аз тақлид ба фарҳанги бегона, мондани ришу мӯйлаби дароз ва пӯшидани либосҳои ғайрирасмӣ дур бошанд.  

 Аз рўи нишондодҳо, танҳо дар соли 2023-юм 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгири карда шудааст, ки вусъати раванди мағзшӯии кӯдакону наврасон ва ҷавононро дарк медиҳад. Таълимоти ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористғ мегардад.

Хушбахтона, имрӯз давлати тоҷикон нерӯҳои солим, ватандор, ватандӯст, Қувваҳои мусаллаҳи қавӣ дорад, ки барои табадулотҳои зиддиконситутсионӣ ҳеҷ гоҳ роҳ нахоҳад дод. Халқи тоҷик дубора фиреб нахоҳад хӯрд. Тамоми тараққиёти тамаддуни муосир ба дарки худшиносии миллӣ буда, заминаи шукуфоии инсоният мебошад.

 

 

 Мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ,                 н.и.техникӣ Воҳидов А.А.