ШИРКАТИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРИЮ ОМӮЗГОРИИ ДОНИШКАДА ЗЕРИ РОҲБАРИИ ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

Имрӯз ҳайати профессорию омӯзгории донишкада, кормандони бахши хоҷагӣ зери роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин дар маъракаи ниҳолшинонии шаҳри Бӯстон ширкат варзида, саҳми хешро дар ин маъракаи муҳим гузоштанд .
Ёдовар мешавем, ки ободии шаҳр аз шарафи сокинон вобаста аст. Саҳм гузоштан дар ин гуна маъракаҳои ҷамъиятӣ -ободонӣ ин иҷрои рисолати шаҳрвандӣ мебошад.