
Имрӯз дар маҷлисгоҳи МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ” маросими супоридани шаҳодатномаҳои хатми мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур мудири кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханикаи донишкада, омӯзгори ҷавон ва фаъол Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа, ки шунавандаи соли 2024-и Мактаби захираи кадрҳо буд, ширкат намуд ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода бо ҳамроҳии Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода ба ӯ шаҳодатномаҳои хатмро тақдим намуданд.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада Абдуллоев Муҳаммадхӯҷаро барои ин дастоварди баланди ҳизбӣ табрику таҳният гуфта, барояш барору муваффақият таманно менамоем.