
Имрӯз, дар кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ дар доираи “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” маҳфили илмии доимоамалкунандаи “Ал-ҷабр” бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Маҳфили имрӯзаро мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ, олими ҷавон, дотсент Туев Шоҳин Шоевич ифтитоҳ намуда, оид ба нақшаи чорабиниҳои ҳафтаи илм маълумот дода, ба кори маҳфил бурдборӣ таманно намуд.
Сипас, аъзоёни маҳфил аз рӯи барнома маърузаҳоро баррасӣ намуданд. Дар интиҳои маҳфил бозиҳои математикӣ гузаронида шуда, ки иштирокчиён бо саволу ҷавобва ширкати фаъол онро ҷамъбаст карданд.

