
Санаи 20-уми феврали соли 2025 тибқи нақша-чорабиниҳои “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ”-и кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ дар доираи «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ» барои соли 2021-2025, Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф» озмун аз фанни математика дар байни донишҷӯёни факултети электромеханика баргузор гардид.
Нахуст озмунро мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ н.и.п., дотсент Туев Шоҳин Шоевич ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба шартҳои озмун, мақсади баргузории чорабинӣ ва ҳавасмандкунӣ сухан ронда, ба иштирокчиён бурдбориҳо таманно намуд. Ҷараёни баргузорӣ ва қоидаву қоидаҳои озмунро омӯзгори калони ҳамин кафедра Назаров П.А. ба донишҷӯён ташреҳ дод. Озмун хеле шавқовар ва дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он як қатор донишҷӯён аз ҷумла донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 400301 Назарзода Муҳаммадиқбол соҳиби ҷойи якум, донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси 400301 Нуров Шаҳром сазовори ҷойи дуюм ва донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси 400301 Абдурахманов Амирҷон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар интиҳо мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика Туев Шоҳин донишҷӯёни ғолибомадаро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.


