ЗИ АРТИШ ҲАМА АМНУ ОСУДАГӢ

Ҳар як давлату миллат барои муҳофизати марзу бум ва таъмини сулҳу суботи комили мамлакат ба таъсис ва мукаммал намудани ҷузъу том ва фароҳам овардани шароити хуби маишӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ чораҳои махсусро роҳандозӣ менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз аз рўзҳои аввали давлатдориро оғоз намудан ба ин самт таваҷҷуҳи махсус равона кардаанд. Ҳимояи марзу буми давлатӣ ҳамчун забон таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоти миллӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат аз тамоми имконияту захираҳо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори муфиавии кишвар ва сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ истифода бурда шуда истодааст. Ҳар як сокини мамлакат низ хуб дарк мекунанд, ки пешрафт ва шукуфоии ҳар сарзамин пеш аз ҳама ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаву давлат вобастагии қавӣ дорад.
Зина ба зина баланд гардидани музди маоши кормандони сохторҳои мудофиавии кишвар низ яке аз ғамхориҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани шароити маишии хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.
Бунёди қисмҳои ҳарбӣ, отряду комендатура, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва манзили истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ далели равшани ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба шумор меравад. Дар шаҳру навоҳии мамлакат низ бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат вобаста ба дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити кории сарбозону афсарони мамлакат давоми солҳои охир 374 иншооти сарҳадӣ таҷдиду аз навсозӣ ва 487 иншооту биноҳои дигари сарҳадӣ аз таъмир бароварда шудаанд.
Вазъи мураккаби ҷаҳон ҳар як сокини мамлакатро водор менамояд, ки дар таъмини сулҳу суботи мамлакат, пойдории истиқлолияти комил, тарбияи насли ватандўсту хештаншинос масъулияти бузурги шаҳрвандӣ дошта бошанд. Фаромўш нест, он рўзҳое, ки ба сари миллати тоҷик чӣ мушкилотҳои сангину чӣ ҷоннисориҳои даҳшатафкане омада буд. Азбаски пешрафту ободии ҳар як мамлакат ба вазъи орому осуда вобаста аст ва мардуми шарифи тоҷик, ки рўзҳои мушкилу мураккабро аз сар гузаронидаанд, ин истиқлолияту озодии мамлакатро амиқ дарк намуда, дар таъмини пойдории тинҷиву осоиштагии Ватан камари ҷавонмардӣ бастаанд.
Албатта, имрўзҳо мудофиаи марзу бум ба мутахассисони соҳибхирад, руҳан ва ҷисман ташаккулёфта вобастагии қавӣ дорад. Ҳар як давлат, ки пеш аз ҳама амну суботаш аз мустаҳкамии сарҳади давлатӣ сахт вобаста аст, омодасозӣ ва тарбияи марзбонони шуҷоу далер низ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он ба шумор меравад. Дар давоми 10 соли охир 1200 нафар ҷавонон Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600 нафар муассисаҳои олии ҳарбии кишварҳои хориҷиро хатм карда, имрўзҳо дар Қушунҳои сарҳадии мамлакат хизмати Модар-Ватанро иҷро карда истодаанд. Дар давоми сӣ сол 3500 нафар ҷавонон донишкадаву донишгоҳҳои олии сарҳадиро хатм намуда, ҳоло содиқона дар дифои сарҳади кишваранд. Бо мақсади беҳтар гардонидани ваъзи иҷтимоии афсарони мақомоти сарҳадӣ 2000 оила бо манзили истиқоматӣ ва 129 нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ қадрдонӣ гардидаанд.
Сар задани хурофоти динӣ дар кишварҳои гуногуни олам, фаъол гардидани гурўҳҳои террористиву экстремистӣ талаб мекунад, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус бо эҳсоси гарми ватандорӣ бояд дар сатҳи баланди касбӣ масъулияти худро иҷро намояд.
Сохтори маорифи кишвар мебояд ба гузаронидани машғулиятҳои мудофиаи шаҳрвандӣ шароитҳои хубро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна фароҳам оварад. Тарбия ва муқаддас шуморидани хизмат дар сафи Артиши мамлакат ҳанўз дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна шурўъ мегардад. Пўшида нест, ки ҳар инсон кўшиш мекунад, деворҳои манзили истиқоматии худро баланд ва дару тирезаи онро мустаҳкам бунёд намояд. Албатта дару дарвозаи марзу буми Ватанро низ ҳамин гуна бояд ҳифз кард ва барои фарзандон ватандўстиву ҷавонмардиро тарғиб намуд, то онҳо дар вуҷудашон ғуруру ҳифзу нанги ватандорӣ бедор гардад.
Бунёди 10 қисми ҳарбӣ бо ҳама инфрасохтори зарурӣ, 24 комиссариати ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат ва зиёда аз 100 иншооти хизматрасонии ҳарбӣ дар се даҳсолаи охир далели возеҳи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба ин самт мебошад.
Имрўзҳо аз ҷониби шаҳру навоҳии кишвар ташаббусҳои нек ба роҳ монда шудааст, ки волидайн ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар карда шуда бо фарзандонашон дидорбинӣ мекунанд ва аз шароити буду боши онҳо огоҳ мегарданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бовариву эътимоди мардум нисбат ба шароити созгори хизмати наваскарон дар қисмҳои ҳарбӣ ҳосил гардад.
Дар қисмҳои ҳарбӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фароҳам овардани шароити таълимӣ вобаста ба сафороиву омодагии ҷангӣ, омўзиши оинномаҳои ҳарбӣ, омўзиши хислатномаи техникии яроқҳои гуногуни оташфишон ва дигар тахассусҳое, ки ба сохтори ҳарбӣ заруранд, тадбирҳои судманд андешида шудааст.
Ташкили вохўриву мулоқот бо намояндагони касбу кори гуногун дар ҷузъу томҳои мамлакат низ имрўз роҳандозӣ гардидааст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани руҳияи сарбозони кишвар мусоидат мекунад.
Дар шаҳру навоҳии мамлакат имрўзҳо мушоҳида мегардад, ки дар рўзҳои нахустини даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нақшаро иҷро мекунанд. Ин далели он аст, ки рўз аз рўз ҳуввияти миллӣ ва муқаддас шуморидани хизмати Модар-Ватанро фарзандони баору номуси кишвари мо бештар дарк мекунанд.
Ҳар як сокини мамлакат ба ирода ва эътиқоди сарбозону афсарони Ватан боварӣ дошта, хизмати онҳоро шараф, сарбаландӣ, шуҷоату далерӣ ва иҷрои асолати муҳими ҷавонмардӣ медонанд.
Осими Оқил, н.и.т.,
сардори раёсати таълими ДКМТ