
Дар доираи нақша-чорабиниҳои “Ҳафтаи илмҳои дақиқ ва риёзӣ” дар кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии факултети электромеханика дарси кушоди умумидонишкадавӣ аз фанни “Математикаи элементарӣ” баргузор карда шуд. Дар дарси кушод сардори шуъбаи БИСТ Юсупов Хуршедҷон, мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика Туев Шоҳин, мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ Воҳидов Аҳрор, корманди маркази тестӣ ва бақайдгирӣ Саидов Асомиддин ва дигар омӯзгорони кафедраи мазкур ширкат намуданд.
Дарси кушод аз ҷониби ассисенти кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Раҷабов Ғафурҷон дар мавзуи «Формулаҳои зарби мухтасар» гузаронида шуд ва дар он донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд. Нозирон ба кори омӯзгор ва ҷараёни дарсгузарӣ баҳои баланд доданд.
Ёдовар мешавем, ки ин ташаббус дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба роҳ монда шудааст.


