Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳайати аъзоёни Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба муқовимат бо коррупсия ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Мавсуф, изҳор дошт, ки мо доимо бояд баҳри мубориза бо фасодкорӣ ва амалҳои коррупсионӣ фаъол бошем ва барои нест намудани коррупсия кӯшиш кунем. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз дошт, ки бояд дар як моҳ даҳ вохӯриву машваратҳо бо донишҷӯён гузаронида шавад, то ягон намудни амалҳои коррупсионӣ дар донишкада дида нашавад. Коррупсия оқибати бад дорад ва тамоми зинаҳои рушдро мешиканад ва мо аҳли зиё бояд оқибатҳои фалокатбори амалҳои коррупсиониро ба ҷомеа бифаҳмонем.
Ҳамчунин, дар ҷаласа нақшаи донишкадавии муқовимат бо коррупсия баррасӣ карда шуд ва ба тамоми масъулин дастур дода, ки ҳайати комиссия ба таври пурра нақшаи навро таҳия ва иҷроиши бандҳои онро ба таври мудовим назорат намоянд.