ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД, МУАЛЛИМА РАҲИМОВА ШАҲНОЗАХОН!

Имрӯз яке аз бонувони фаъоли донишкада, омӯзгори собиқадор ва корманди пешқадам, бонуи некназар ва муваффақ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон зодрӯз доранд, ки эшонро табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва пирӯзиву саодатмандӣ таманно менамоем. 

Раҳимова Шаҳноза аз бонувони соҳибилм, бонуи равшанзамир, хонуме бо дили бузурги мардона ва модари ғамхор аст, ки дар донишкада фаъолияти сермаҳсул дорад ва барои пешрафти илму инноватсия дар ин боргоҳ саҳми боризе гузоштааст.

Субҳи имрӯз тибқи анъана ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва раиси Иттифоқи муттаҳидаи касаба Давлатзода Давлат муаллимаи арҷманд Раҳимова Шаҳнозахонро табрику таҳният гуфта, барояш меҳрномаи зодрӯзии ҳайати профессорию омӯзгории донишкадаро эҳдо намуданд.