Ширкати ректор профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҷамъи омӯзгорон дар таҷлили Ҷашни Сада дар шаҳри Бӯстон

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳайати профессорию омӯзгорӣ дар таҷлили Ҷашни Сада, ки ба таври умумӣ дар шаҳри Бӯстон гузаронида шуд, ширкат намуд. Дар чорабинии мазкур фаъолон ва сокинони шаҳр иштирок доштанд ва дар ин чорабинӣ гӯшаи идонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ ташкид ва ба маърази омма шуд. 

Ёдовар мешавем, ки ҳайати профессорию омӯзгории донишкада зери роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар тамоми чорабиниҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ фаъолона ширкат намуда, рисолати шаҳрвандии хешро иҷро менамоянд.