ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада дотсент Давлатзода Давлат, ҳуқуқшиноси донишкада Қаноатова Санавбар, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Комилова Хуршеда, декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолудин, декани факултети металлургия дотсент Шамсиддинов Шӯҳратҷон, декани факултети корҳои кӯҳӣ доктор Самадова Гули ширкат намуда, шаҳрвандонро ба ҳузур пазируфтанд.
Ду нафар шаҳрванд яке барои интиқол ёфтани фарзандаш ба бахши фосилавӣ ва дигаре барои тамдид намудани рухсатии корношоямии фарзандаш, ки корманди донишкада мебошад, муроҷиат намуданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ арзи шаҳрвандонро бо ҳайати кормандон баррасӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ намудани муроҷиаткунандагон дастур фармуд.
Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар донишкада баргузор мегардад ва шаҳрвандон метавонанд тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҳ ёбанд.