Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада бо ширкати ректори муассиса профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷашни Сада таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ ҳайати профессорию омӯзгорӣ фаъолона ширкат намуда, ҳамзамон анвои кишоварзӣ ва дастпӯхти хешро ба намоиш гузоштанд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро ба ҷашни Сада- яке аз идҳои қадимии миллати тоҷик табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон барору муваффақият таманно намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки Сада аз ҷашнҳои қадимии миллӣ буда, бо омилҳои гуногун анқариб аз байн мерафт ва маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё карда шуд. Хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи фарҳанги бостонии миллати тоҷик ва ҳамзамон ҳифзи хотираи таърихии миллат беназир аст ва мо шаҳрвандон бояд ин ҳама хидматҳои Сарвари хирадманди кишварро қадр намоему ҳаргиз фаромӯш намесозем.
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дотсент Абдуллоев Икром суханронӣ намуда, роҷеъ ба таърихи Иди Сада ба ҳозирин маълумот дод.
Баъдан, чорабинии фархангӣ аз ҷониби ансамбли ҳунарии “Ҷилои Ёқут”- и донишкада манзури ҳозирин гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷашнҳои миллӣ аз ҷумла Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон бо ташаббуси профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар донишкада ҳамасола дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.