Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада конфренсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба 70- солагии омӯзгори фаъоли донишкада, яке аз бонувони собиқадор ва модари ғамхор, муаллимаи арҷманд Азизбекова Азизмо баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.
Чорабиниро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба хидматҳои Азизбекова Азизмо дар таълиму тарбияи насли ҷавон суханронӣ карда, иброз дошт, ки қадршиносӣ аз чунин шахсиятҳои фаъол, омӯзгори сарсупурда ин қадршиносӣ аз инсонияти воло ва хидматҳои софдилона дар назди Ватан мебошад. Мавсуф иброз дошт, ки раёсати донишкада ҳамеша талош менамояд, то аз собиқадорони донишкада доимо қадршиносӣ намояд. Зеро насли калонсол ва хизматнишондода ҳамеша роҳнамои насли ҷавон мебошад.
Ҳамзамон, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз дошт, ки Азизбекова Азизмо аз беҳтарин омӯзгорон ба ҳисоб меравад ва мо ҳаргиз хидматҳои ин бонуи фидоиро фаромӯш намесозем.
Сипас, паёми табрикотии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Ғаффорзодаро намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Зокирӣ Исҳоқов ба муносибати 70- солагии Азизбекова Азизморо ба самъи ҳозирин расонида, муаллимаро табрику таҳният гуфт.
Сипас, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Абдуллоев Икром суханронӣ намуда, аз хидматҳои муаллима Азизбекова Азизмо ёдоас шуда, ба он кас изҳори миннатдорӣ баён дошт.
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада дотсент Давлатзода Давлат номаи табрикотии Иттифоқи муттаҳидаи касабаро қироат намуда, муаллима Азизбекова Азизморо табрику таҳният гуфта, ба он кас туҳфаи хотиравиро тақдим кард.
Дар интиҳо соҳибҷашн Азизбекова Азизмо суханронӣ намуда, миннатдории самимонаи хешро ба роҳбарият ва ҳайати профессорию омӯзгории донишкада расонид.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар охир ба ҳама изҳори сипосмандӣ намуда, иброз дошт, ки ин гуна чорабиниҳо бояд бештар гузаронида шавад ва дар ҳолат мо бояд аз собиқадорони муассиса қадрдонӣ намоем.