Дар асоси нақшаи муштараки прокуратураи шаҳри Бӯстон, шуъбаи дар шаҳри Бӯстон будаи КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд, суди шаҳр ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон вобаста ба тарғибу татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28-уми декабри соли 2024, санаи 28-уми январи соли 2025 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯён мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси суди шаҳри Бӯстон Ҷабборзода Фурқат Саттор, Қодиров Наврӯз Сайфиддинович- сардори шуъбаи дар шаҳри Бӯстон будаи КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд, Ҷалолзода Миршакар Саид- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ-ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Малиқозода Амиралӣ- сардори Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози чорабинӣ суруди милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зинда ва ботантана қиръоат карда шуд.
Нахуст Ҷалолзода Миршакар Саид Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҳозиринро муаррифӣ намуда, маҷлисро кушода эълон намуд.
Сипас раиси суди шаҳри Бӯстон Ҷабборзода Фурқат Саттор суханронӣ намуда, гуфтанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, дар низоми сиёсии давлатдорӣ анъанаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва самтнамои ҳаракати устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи рушду амну осоиш мебошад.
Мусаллам аст, ки дар сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини масъалаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намудан ба ин соҳаҳо ва давра ба давра тақвият бахшидани самаранокии хизматрасониҳо ва шарту талаботи ҳифзи фаъолият мавқеи намоён ва аввалиндараҷа касб менамояд.
Қодиров Наврӯз Сайфиддинович- сардори шуъбаи дар шаҳри Бӯстон будаи КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд баромад намуда, қайд карданд, ки Паёми Пешвои миллат чун дастур ва як ҳуҷҷати сарнавиштсозе мебошад, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистонро муайян менамояд.
Ин санади умедбахш аз мо тақозо мекунад, ки фаъолияти босамарро ба роҳ монда, баҳри пешрафт ва амну осоиштагии ватани азизамон талош намоем.Чун тавассути сулҳу субот ва ваҳдати комил мо ба дастоварҳои беназир ноил мешавем.
Пас моро зарур аст, ки баҳри амну суботи Тоҷикистон тамоми унсурҳоро истифода бурда, Тоҷикистонро чун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоем.
Дар рафти мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид ибрози андеша карда, қайд карданд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз баҳри фардои дурахшони Тоҷикистон заминаҳои мусоидеро фароҳам меорад.
Президенти Ҷумҳуриамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Паёми худ, дар баробари таҳлили фаъолияти соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, қайд намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.
Тарбияи ҷавонони мамлакат дар руҳияи инсондўстию ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, меҳанпарстӣ, омўзиши илмҳои муосир, касбу ҳунар, истифодаи самранокии иқтидори зеҳнӣ ва маънавӣ ба манфиати ҷомеа мебошад
Ба ин васила ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ироа намудани Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвар яке аз рукнҳои давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Мустақилона муайян гаштани манфиатҳои миллии кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ҳақиқатан тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои деринаи мардуми тоҷик аст.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиди нек ва боварибахш дар бораи идомаи қадамҳои пойдор ва рушди устувори кишвар дар шароити нави ҷаҳонӣ оғоз меёбад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, дар низоми сиёсии давлатдорӣ анъанаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва самтнамои ҳаракати устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи рушду амну осоиш мебошад.
Дар воқеъ Паёми имсолаи сарвари давлат пур аз муҳаббат, некию хирадсолорӣ буд, ки мо тавонистем дарки амиқи ҳаёти имрузаро бо асолати рангин шиносем.
Мавсуф ҳамзамон дар бораи рушди зеҳни сунъӣ ва иқтисодиёти рақамӣ ҳарф зада, иттилоъ дод, ки эълон намудани солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия моро боз ҳам вазифадор месозад, ки дар ин самт бештар талош намоем.
Дар фарҷом ба якчанд аъзоёни нав шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.