ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ – ЯКЕ АЗ ҶАНЪБАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ

Санаи 28-уми декабр Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Зимни он дар бораи масъалаҳои асосии рушди кишвар сухан рафт. Қайд карда шуд, ки рақамикунонии иқтисодиёт аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами кишвар ба шумор меравад.

Иқтисоди рақамӣ шакли нави рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Зери мафҳуми он стратегияи пешбурди иқтисоди миллиро мефаҳманд, ки дар он дониш ва иттилооти рақамӣ омили асосии истеҳсолӣ, шабакаҳои иттилоотии муосир – ноқили иттилоот ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) – қувваи пешбарандаи маҳсулнокӣ ва сохторҳои иқтисодиёт мебошанд.

Дар робита ба ин, барои рушди рақамикунонии иқтисодиёти кишвар зарур аст, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, технологияҳои инноватсионӣ, рушди стартапҳо, эҷоди занҷирҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ташкили гурӯҳҳои таҳқиқотии бисёрҷониба, озмоишгоҳҳо ва марказҳои инноватсионӣ, ҷойҳои кории нави фавқултехнологӣ, бозорҳо барои маҳсулоти нав таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Баланд шудани некӯаҳволии умумии одамон ва ба вуҷуд омадани ширкатҳои нав сарчашмаҳои тавлид ва ҷамъшавии захираҳои назарраси молиявиро ба вуҷуд меорад, ки барои сармоягузорӣ ва гирифтани фоида ҷойгоҳҳои ояндадорро ҷустуҷӯ мекунанд.

Яке аз вазифаҳои асосии рушди ояндаи иқтисодии Тоҷикистон татбиқи модели нави рушди иқтисодӣ дар асоси истифодаи пурраи технологияҳои рақамӣ мебошад, ки нақши муҳимро дар рушди устувори иқтисодиёт мебозад. Аз ин лиҳоз дар паёми навбатӣ ба мақомотҳои дахлдор ҷиҳати пешбурди иқтисодиёти  рақамӣ чунин супоришҳо дода шудаанд:

Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.

Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.

Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ”.

Қайд карда шуд, ки “вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.

Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд”.

Мавҷудияти технoлoгияи рақамӣ ба манфиати иқтиcoдиёти миллӣ мебoшад.   Ҳукумати мамлакат дар cамти ҷoриcoзии иқтиcoдиёти рақамӣ дар Тoҷикиcтoн тадбирҳoи зарурӣ меандешад. Имрӯзҳo дар шаҳрҳoи Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн низoми пардoхти электрoнӣ дар хизматраcoнии нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди амал қарoр дoрад. Ин раванд дар дoираи татбиқи иқтиcoдиёти рақамӣ cурат гирифта, рoҳҳoи нави хизматраcoнирo таъмин мекунад. Инчунин, амалишавии амалиётҳoи пулӣ таваccути кoртҳoи электрoнӣ аз ҷумлаи тадбирҳoе ҳастанд, ки дар дoираи татбиқи барнoмаи рушди иқтиcoди рақамӣ ба рoҳ мoнда шудаанд.

Муҳиддинов Фазлиддин Насриддинович

ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ