НАҚШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАЪМИНИ АФЗОИШИ МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛӢ

Паёми Пешвои миллат дар афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аҳамияти муҳим ва стратегӣ дорад, зеро он ба рушду равнақи иқтисоди кишвар, ки аз нигоҳи устувории иқтисодӣ ва бозори дохилӣ хеле муҳим аст, равона шудааст. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодӣ мебошад, ки дар Паёми Пешвои миллат оид ба таъмини афзоишдиҳии он, таъмини рушди иқтисоди миллӣ, беҳтар кардани фаъолиятҳои соҳаҳои мухталифи иқтисод, ҷалби сармоя ва таъсис додани шароити мусоиди тиҷоратӣ ва истеҳсолӣ афзоиш ҳамасола мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.

Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод”.

Паёми Пешвои миллат ба афзоиши ММД тавассути самтҳои зерин таъсир хоҳад кард:

  1. Таҳкими соҳаҳои истеҳсолӣ: Пешвои миллат дар Паёми худ ҳамеша ба рушди соҳаҳои мухталифи истеҳсолӣ, ба монанди саноат, кишоварзӣ, сохтмон, энергетика ва инфрасохтор таъкид мекунанд. Рушди ин соҳаҳо мустақиман бо афзоиши ММД алоқаманд аст, зеро ин соҳаҳо ба истеҳсоли маҳсулот ва хадамоти нав, ки дар иқтисоди кишвар зарур ҳастанд, кӯмак мекунанд.
  2. Ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ: Пешвои миллат дар паёмҳои худ ҳамеша сармоягузорони дохилӣ ва хориҷиро даъват ба амал меоваранд, ки дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд. Ҷалби сармоя метавонад ба рушди корхонаҳои нав, таҳкими инфрасохтор ва рушди бахшҳои мухталиф кӯмак кунад, ки ин дар натиҷа ба афзоиши ММД оварда мерасонад.
  3. Рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озукаворӣ: Паёми Пешвои миллат ҳамеша ба рушди кишоварзӣ ва беҳтар кардани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ таваҷҷуҳ мекунад. Кишоварзӣ як соҳаи стратегӣ барои Тоҷикистон мебошад ва афзоиши истеҳсолот дар ин соҳа метавонад миқдори маҳсулотро дар бозори дохилӣ зиёд кунад, ки натиҷааш афзоиши ММД хоҳад буд.
  4. Саноатикунонӣ ва истифодаи технологияи муосир: Дар Паёми Пешвои миллат саноатикунонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ҳамчун самти калидии рушд арзёбӣ карда мешавад. Истифодаи технологиҳои нав метавонад ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва дар натиҷа, ба афзоиши ММД мусоидат намояд.
  5. Тағйироти институтсионалӣ ва муҳити тиҷоратӣ: Барои беҳтар кардани муҳити тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо гузаронида шудааст, ба мисоли кам кардани санҷишҳои фаъолият субъектҳои хоҷагидорӣ. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардад.

Аз ҷумла, муқаррароти дар Кодекси андоз доир ба роҳандозии санҷишҳои андоз тибқи низоми идоракунии хавфҳо имкон дода истодаанд, ки шумора ва муҳлати гузаронидани онҳо маҳдуд ва сифатнокӣ таъмин карда шавад”.  Шароитҳои мусоид барои тиҷорат ва соҳибкорон ба рушди иқтисоди кишвар ва дар паҳлӯи он, ба афзоиши ММД кӯмак мерасонанд.

  1. Рушди инфрасохтор ва пайвастагии минтақавӣ: Дар Паёми Пешвои миллат ба таъмини рушди инфрасохтор ва сохтани роҳҳо, объектҳои энергетикӣ, об, ва дигар объектҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ эътибори хоса дода, шудааст. Инчунин, тавассути сохтани роҳҳо ва инфрасохтори беҳтар, Тоҷикистон метавонад бо кишварҳои ҳамсоя ва бозорҳои дигар ҳамкориҳои судманд ба роҳ монад, ки ин ба афзоиши ММД мусоидат менамояд.

Паёми Пешвои миллат дар афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нақши марказӣ дорад. Он дар воқеъ, стратегияи рушди иқтисодӣ ва устувории кишварро тавассути рушди соҳаҳои асосии истеҳсолӣ, ҷалби сармоя, ислоҳи институтҳо ва беҳтар кардани муҳити тиҷоратӣ тавсия медиҳад. Афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мустақиман ба беҳтар шудани сифати зиндагии мардум, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва рушди иқтисодии мамлакат оварда мерасонад.

Назарматов Авазбек Аҳмадович

омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ