Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки барои дарёфти ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 озмун эълон менамояд.
Озмуни мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, технология, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ, кашфиёт, навоварӣ ва эҷодкорӣ, баланд бардоштани мақому мартабаи олимону омӯзгорон дар ҷомеа, ҷалби бештари онҳо ба корҳои илмию таҳқиқотии сатҳи баланд, тайёр кардани кадрҳои минбаъдаи илмӣ дар муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ ва инкишоф додани неруи зеҳнии онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Тибқи талаботи банди 2.3 Низомнома, озмун барои дарёфти ҷоизаи «Олими сол» ҳамасола дар давраҳои зерин баргузор карда мешавад:
– даври якум – муассисавӣ, моҳи январ – дар муассисае, ки довталаб дар он ҷо кор мекунад.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври якум барои иштирок дар даври дуюм ба Комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ (вазоратӣ) то нимаи аввали моҳи феврал муқаррар карда шудааст.
– даври дуюм – ҷумҳуриявӣ (вазоратӣ) моҳи март дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Тибқи талаботи банди 2.13 Низомнома, озмун аз рӯйи равияҳои зерин гузаронида мешавад:
– равияи фанҳои геология, химия, биология, экология, география;
– равияи фанҳои риёзӣ;
– равияи фанҳои физика, астрономия;
– равияи фанҳои техникӣ;
– равияи фанҳои технологӣ;
– равияи фанҳои тиббӣ ва фармасевтӣ;
– равияи фанҳои иқтисодӣ;
– равияи фанҳои таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ;
– равияи фанҳои фалсафа, сотсиология, диншиносӣ, психология;
– равияи фанҳои филология, лингвистика, журналистика, фарҳангшиносӣ.
Тибқи талаботи банди 2.4 Низомномаи озмуни мазкур олимон ва омӯзгороне, ки дорои дараҷаи илмӣ мебошанд, ҳуқуқи дар озмун иштирок карданро доранд.
Бинобар ин, довталабон метавонанд тибқи тартиботи муқарраргардида (Низомномаи озмун) бевосита дар озмуни мазкур иштирок намоянд.
Масъули баргузории озмун дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати илм ва инноватсия мебошад.
Телефон барои тамос бо Кумитаи тадорукоти озмун 227-32-59