Имрӯз намонядагони сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин мушовири сафорати Чин Ван Гочун, мудири сафоратхона Лян Юэ, корманди шуъбаи маорифи сафорат Сюэ Гуанеэн аз Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий Азимов Эминҷон меҳмононро хуш қабул намуда, аз дастовардҳо ва пешрафту имконият гуфтанд. Сипас, меҳнон бо омӯзандагони забони чинӣ дар донишкада мулоқот намуда, ҳамзамон аз озмоишгоҳҳои мавҷуда дидан намуданд.
Дар интиҳо мулоқоти расмии ҷонибҳо сурат гирифт ва ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта ба онон нақшаи минбаъдаи ҳамкориро баррасӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз марказҳои бузурги омӯзиши забону фарҳанги Чин дар вилояти Суғд буда, барои осон намудани роҳи омӯзиш ба ҳаводорони забони чинӣ ва донишгоҳҳои ин кишвар мусоидат менамояд.