НАҚШИ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастури хос ва пурмуҳтаво ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги давлатдории миллист. Паём роҳнамои зиндагии осоишта ва ширину босаодати миллат. Паём низомномаи муваффақияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад. Паём дастури мукаммали ҳаётсозист. Ва ин ҳақиқатест, ки борҳо исбот шудааст, зеро мардуми Тоҷикистон бо дарки амиқи муҳтавои Паёми Пешво ва корбурди роҳкорҳои дар он дарҷгардида, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастоварҳои бузурге ноил гардидаанд.
Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги бинои Палумони Тоҷикистон, ки бунёди он низ дастоварди дигаре аз даврони саодатмандиву Истиқлолияти кишвар аст, баргузор гардид. Бунёди ин кохи муҳташамро низ метавон ба сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дод, ки идомаи созандагиву бунёдкористу бо шарофати фаъолияти пурсамари шабонарӯзии эшон, ҳар лаҳзаву ҳар рӯз Ватан саршори ибтикороти шоистаи ватандориву ватансозист! Ҳар дастовард ва ҳар лаҳзаи пешрафти Тоҷикистон ин хидмати фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст!
Сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди зикри таҷлили шоиста аз 30-солагии қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ки соли равон иттифоқ афтоданд, ба таҳлили вазъи иқтисодии мамлакат пардохтанд. Таҳлили хеле амиқ ва жарф. Таҳлили воқеӣ ва дилсӯзонаву касбӣ. Ба таъкиди Сарвари хирадманди кишвар, Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар ҷодаи амалӣ намудани стратегияву барномаҳо дар соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ дар марҳилаи тозаи рушд қарор дорад, ки ин саҳифаи рангин орӣ аз дастовардҳои назаррас нестанд.
Ногуфта намонад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин дастовардҳои назаррас дар ҳоле даст ёфтааст, ки нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам рух додаистодааст, мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат шиддат мегирад, иқлим тағйир меёбад, занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот канда мешаванд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин ҳама дастовардҳо шаҳодати азми дурусту саъйи комили мардуми Тоҷикистон дар ҷодаи ватансозист. “Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд”-иброз доштанд дар идомаи суханронии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зикри силсиладастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иқтисод ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардуми Тоҷикистон, ки аз ҷониби Пешвои миллат бо ифтихори баланди ватандорӣ садо дод, боиси ҷолиб ва муассиру руҳбахш пешниҳод шудани Паём гардид. Махсусан, зикри дастоварде, ки “..соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд”, қалби миллати сарбаланди тоҷикро ба ояндаи накӯи кишвар боз ҳам гармтар гардонид.
Таҳлили вазъи иқтисоди кишвар бо ироаи чунин ҷумлаҳо аз ҷониби Сарвари маҳбуби кишвар муассир ба гӯш мерасид: “Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд”.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат аз паёми соли гузашта ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ” ..аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд”. Воқеан ҳам ин падидаи нодир ва барои ҷомеаи имрӯз хеле муҳим кумаки бузург барои аҳолӣ буд ва ин ҳам аз дили бузурги Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Ин ҳам дастгирӣ ва дилсӯзиву ғамхории падаронаи Роҳбарияти муҳтарами кишвар мебошад. Ҳамчунин барои имсол низ маоши тамоми соҳаҳо аҳ сентябр 20 фисад ва барои омӯзгорони макотиби миёнаву боғчасаройҳо 30 фисад афзун карда шуд, ки ин ҳам ғамхории роҳбарияти муҳтарами кишвар бар соҳаи маориф мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола бо зикри дастовардҳои бузурги иқтисодӣ иктифо накарда, балки Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки “…иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд”.
Албатта, дуруст ва мақсаднок амалӣ намудани ин дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор имкон медиҳад, ки “иқтисоди сабз” беш аз пеш ташаккул ёбад, хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ пешгирӣ карда шавад, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба таври комил амалӣ гарданд.
Қайд карда шуд, ки “…идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад”.
Роҳбари хирадманди кишвар Вазорати рушди иқтисод ва савдоро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Таҳияи ин ҳуҷҷат имкон медиҳад, ки сармояи инсонӣ беш аз пеш рушд ёбад, истифодаи самараноки технологияҳои муосир иқтидори истеҳсолии мамлакатро тақвият бахшад ва истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бештар шавад. Муҳим аз ҳама ҳуҷҷати мазкур барои ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Ин навбат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии хеш низ баланд бардоштани фоизи маоши корӣ, рушди соҳаи илму маориф, ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупории шаҳрвандонро ҳамчун омили асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет дар кишвар унвон карданд.
Дар ин ҷода Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор низ супориш гирифтанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд.
Таҳлил ва зикри масоили қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ, зиёд кардани ҳаҷми пешниҳоди қарз аз ҷониби бонкҳо, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ қисмати дигари Паёми Пешвои муаззами миллатро ташкил медоданд, ки ҷолибу муассир буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми хеш роҷеъ ба истифодаи технологияҳои муосир сухан ронда, истифодаи онро ҳатмӣ арзёбӣ намуданд, ки ин як ҳақиқати бебаҳс мебошад. Ҷомеаи имрӯзиро бидуни технологияҳои муосир тасаввур кардан имкон надорад ва истифода аз он кори ҳама соҳаҳоро осон метавонад ва аз ҷониби дигар ба рушди дилхоҳ соҳа мусоидат мекунад. Яке аз сабабҳои пешрафти аксарияти давлатҳои пешрафта ин истифодаи самараноки технологияҳои муосир мебошад ва мо низ бояд аз ин иқдом бар манофеи миллат ва соҳаҳои мавҷуд истифода созем. Чунки рушди ҳама гуна соҳа аз технология ва фанновариҳои муосир сахт вобаста аст.
Метавон ҳадс зад, ки нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бештар ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии шоистаи мардум, рушди кишвар, саодати ҳар як шаҳрванд бахшида шуда буду мақсаду мароми ин санади бузург танҳо ва танҳо пешрафти давлатии милии тоҷикон аст.
Дар навбати худ ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати хеш, саҳм гузоштан дар рушди ватани азизамон талош намояд ва масъулияти хешро дар назди Ватан дарк созад.
Он чӣ имрӯз дар кишвар дида мешавад, ин ҳама заҳмату талоши фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва мо шаҳрвандон ин заҳматҳои Роҳбарияти кишварро ҳаргиз фаромӯш намесозему баҳри рушди Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем.
СОБИРОВА ШУКРИНИССО
н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии ДКМТ