Семинари илмӣ-амалӣ: Раванди амалисозии ҳадафи стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар

Имрӯз дар толори видеоконфронсзали донишкада бахшида ба “Солҳои рушди саноат 2020-2026” семинари илмӣ-амалии факултети корҳои кӯҳӣ таҳти унвони “Раванди амалисозии ҳадафи стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар”  баргузор гардид. Чорабиниро нахуст сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳнозахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба саноатикунонии босуръати кишвар, иҷрои нақша-чорабиниҳои донишкадавӣ доир ба ин самт, таҳияи дастурҳои таълимӣ ва омода намудани мутахассисони пажӯҳишгар  суханронӣ намуд.

Сипас, дотсенти кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Ёқубов С. дар мавзуи “Мавқеи фанҳои умумитехникӣ дар омода намудани муҳандисони ҷавон”, дотсенти кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Эгамов М.Ҳ. дар мавзуи “Таҳқиқи структура ва хосиятҳои оптикии муҳити дисперсионӣ бо нанозарраҳои cds-татбиқи амалии он дар истеҳсолот”, омӯзгори калони кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Бадалов Ҷ.Н. дар мавзуи “Дурнамои рушди флотатсия дар Тоҷикистон”, ассистенти кафедраи геология ва корҳои нафту газ “Сохти геологӣ, пайдоиш ва минералогияи Конимансури калон” маъруза намуда, роҷеъ ба муаммову мушкилот ва роҳҳои ҳалли масоили ҷойдошта гуфта гузаштанд.

Дар ҷараёни баргузории семинар муколамаи озоди илмӣ сурат гирифт, ки вобаста ба ҳар як мавзуъ дотсентон ва омӯзгорони калони донишкада андешаҳои хешро иброз доштанд.