ДУШАНБЕ, 11.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷомеа қабл аз пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» ҳамагон бесаброна интизори ин санади зиндагисоз мешаванд. Чун дар ин санад фаъолияти яксола, дастоварду муваффақият, пешрафту комёбӣ ва ҳамчунин дурнамо баррасӣ мешавад.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масоили муҳим ва калидӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, перомуни рушди иқтисоди рақамӣ, баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, тарбияи мутахассисони варзида, тараққӣ додани иқтисоди «сабз», истифодаи энергияи «сабз», расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, технологияҳои муосир дар истеҳсолот, зеҳни сунъӣ, захираи сарватҳои табиӣ, дастгирии соҳибкорон, додани имтиёзҳо ва барои тақвияти корҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ иброз намуданд, ки «дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».
Воқеан ҳам имрӯз замоне фаро расидааст, ки ҷомеа бояд дарк намояд, ки тамоми талошу заҳмати давлату ҳукумат ва Роҳбари давлат- ин беҳтар намудани зиндагии шоистаи шаҳрвандон аст. Албатта, тибқи омори таъкидгардида, зиндагии миллати сарбаланди тоҷик рӯз аз рӯз беҳтар мешавад. Феълан, рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, рушди иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳо аз шаҳрвандон низ вобаста мебошад ва миллати сарбаланди тоҷик бояд дар ин замина ҷидду ҷаҳд намояд, фаъолона кӯшиш кунад, то корҳои неку самарабахш анҷом бидиҳад. Ҳама талошу кӯшиши мо бояд барои рушди давлати миллиамон бошад, чунки зиндагии мо ва хонаи мо ҳамин Тоҷикистон аст.
Тавре маълум аст, иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле рушд намуд. Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд, ки ин натиҷаи талош ва сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад.
Ҳамзамон таъкид намудан зарур аст, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Сарвари хирадманди мамлакат мо тавонистем аз мушкилтарин рӯзҳо бигзарем, аз фалокатҳои иқтисодию сиёсӣ наҷот ёбем ва ба имрӯз бирасем, ки ин ҳама натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ, хизмати содиқонаю роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар тавсифи кору пайкор ва амалкарди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар қадар сухан бигӯем ҳам, кам аст, чунки маҳз ин абармарди сиёсат Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, миллатро саодатманд гардониданд. Насли ҷавон бояд қаҳрамонашро бишносад ва фарҳанги қадршиносиро фаромӯш насозад.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва калидӣ- ин соҳаи маориф аст, ки дар ин робита низ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуда, беҳтар сохтани соҳаи маорифро махсус таъкид намуданд. Зеро бе маориф инсоният ба пешрафте ноил гардида наметавонад. Ҳамин аст, ки Президенти Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти кориашон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои рушди ин соҳа корҳои зиёдеро анҷом доданд. Ин нишондиҳандаи баланди меҳандорию ватандӯстӣ ва нишонаи волои мустақилият аст. Танҳо миллати соҳибистиқлол ва хештаншинос метавонад роҳи рушди хешро муайян намояду дар фикри ояндааш бошад.
Таъкид намудан зарур аст, ки насли босавод ва бомаърифат ҳамеша барои рушди ояндааш талош менамояд ва ин гуна насл метавонад мамлакатро низ аз хатарҳои эҳтимолӣ наҷот бидиҳад. Насли нохондаву аз донишу маърифат дур барои ҷомеа дарди сар ва хатарнок мебошад.
Аз ҳамин лиҳоз, ҳамеша дастгирӣ намудани соҳаи маориф ҳам ба хотири зиндагии шоиста ва ҳам барои фардои дурахшону обод мебошад. Тарбия намудани насли донишманд ва ҳушёр ҳадафи бузург ва мақсаднок буда, дар ҳама ҳолат сипари зеҳнӣ барои ҳар мамлакат мебошад.
Таваҷҷуҳ намудан ба мактабу маориф устувор сохтани пояи давлатдории миллӣ аст. Зеро маҳз омӯзгори асил ва донишманд метавонад, ки насли ватандӯсту хештаншинос ва бохирад тарбия намояд. Ва ҳамин аст, ки Сарвари давлат бештар ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ғамхорӣ менамоянд. Ва ин ғамхорӣ ба хотири фардои обод ва Тоҷикистони боз ҳам дурахшонтар мебошад.
Шоир мефармояд:
Пояи давлат нагардад бе маориф устувор,
Давлати пойдор хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.
Оре, танҳо насли донишманд, ҳушёру зирак ва ватандӯсту хештаншинос метавонад барои бақои давлат талош намояд ва барои ободии ҷумҳурӣ кӯшиш кунад. Фақат насли зирак ва мусаллаҳ бо донишҳои замони муосир метавонад барои фардои Ватан андеша намояд. Дар тарбия намудани ин гуна насли бомаърифат ва дилсӯзу ватандӯст, донишманду илммеҳвар нақши мактаб ва омӯзгор бисёр ҳам бузург мебошад.
Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба некӯаҳволии миллат пайваста мароқ зоҳир намуда, имсол низ музди маошро баланд намуданд ва дар мадди аввал маоши омӯзгорону кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маорифро 30 фоиз зиёд намуданд, ки ин ғамхории махсус мебошад. Роҷеъ ба ин масъала дар Паёми Президенти Тоҷикистон чунин омадааст:
«Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1 сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад».
Мақсади аслии Роҳбари давлат- ин беҳбуд бахшидани зиндагии ҷомеа мебошад ва дар ин самт чуноне, ки ҳамагон шоҳид ҳастем, корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Дар навбати худ мо, омӯзгорон низ бояд фаъол бошему барои тарбияи насли ватандӯсту зирак талош варзем.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба масъалаи рушди иқтисодиёти рақамӣ, истифода аз фанновариҳои муосир ва зеҳни сунъӣ пешниҳод гардид, ки барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконоти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.
Ва ин тасмим хеле саривақтӣ ва зарурӣ буда, гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ, пеш аз ҳама, ба шаффофияти кор мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар, ин иқдом барои расидан ба ҳадафҳои бузурги давлатдорӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Сарвари давлат оид ба саноатикунонии ҷумҳурӣ низ сухан ронда, рушди босуръати саноатикунонии мамлакатро тақозои рӯз номиданд.
Дар ҳақиқат саноатикунонии босуръати мамлакат метавонад ҷумҳуриамонро аз бисёр ҷиҳат ба давлати воридкунандаи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Аз ҷониби дигар, ба ин восита ҷойи нави кор пайдо шуда, шароити зиндагӣ боз ҳам беҳтар мегардад, ки ин бар нафъи шаҳрвандон мебошад.
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ дар тақвияти дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафи чаҳоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ якчанд барнома рӯи даст гирифта шудааст. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо-омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат мебошад, ки дар ин самт мо доимо талош менамоем.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро метавон роҳнамои стратегӣ арзёбӣ намуд. Онро ҳамчун роҳнамои рушди босуръати ҷумҳурӣ, зиндагии осоиштаю босаодат, дастури меҳандорию ватансозӣ ва зиндагисоз арзёбӣ кард. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар айни замон Паёми Президенти Тоҷикистон барои мардум санади роҳнамо ва умеду боварӣ ба фардо гардидааст. Ин ҳама аз муҳаббати баланди миллат нисбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»
Бознашр аз сомонаи АМИТ “ХОВАР”