Имрӯз дар донишкада комиссияи озмунӣ барои ишғоли вазифаҳои холӣ кори худро оғоз намуд. Дар озмун аъзоёни раиси комиссия ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва аъзоёни комиссия муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, раиси Иттифоқи муттаҳидаи касаба Давлатзода Давлат, сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳноза, сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муминова Дилоромхон, декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолудин, декани факултети корҳои кӯҳӣ доктор Самадова Гули, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шуҳрат ва дигарон ширкат намуданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст роҷеъ ба тарзи баргузории озмун сухан ронда, таъкид намуд, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бояд ба талабот ҷавобгӯй бошанд.
Сипас, довталабонро даъват намуда сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муминова Дилоромхон ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки барои ишғоли вазифаҳо холӣ қаблан дар нашрияи “Ҳақиқати Суғд” эълон нашр гардида буд.