Имрӯз дар донишкада семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи кормандони энергетика бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ карда, ҳозирин, минҷумла аъзоёни кафедраи таъминоти барқро ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика табрику таҳният гуфта, роҷеъ ба рушди энергетика дар кишвар, пешрафти соҳаи мазкур, ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, бунёди неругоҳҳои азим, тарҳи CASA- +1000 ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи энергетика суханронӣ намуданд.
Баъдан, омӯзгори собиқадори кафедраи таъминоти барқ Абдуламидов Н. дар мавзуи “Дурнамои тараққиёти гидроэнергетикаи Тоҷикистон”, омӯзгори калони кафедраи мазкур Эшов Зулфон дар мавзуи “Ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва магистранти бахши якуми ихтисоси таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ Сулаймонов М. дар мавзуи “Захираҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза намуданд.
Дар интиҳо мудири кафедраи таъминоти барқ Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа суханронӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда изҳори андеша кард ва ҳамагонро ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика табрику таҳният гуфт.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика баргузор карда шуд.