Имрӯз озмуни “Ихтироъкорон ва навовари ҷавони вилояти Суғд” ҷамъбаст гардид ва раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибон Диплом ва ҷоизаҳоро тақдим намуданд. Дар озмуни мазкур аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ магистранти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Пиримзода Меҳваршоҳ соҳиби ҷойи якум гардид.