Зери сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, ҷавонон дар аксарият соҳаҳои зиндагӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидем. Фазои сиёсии ҷаҳон имрӯз моро водор менамояд, ки нерӯи худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизи хеш сафарбар намоем. Инҷунин дар раванди глобализатсияи праблемаҳои ҷаҳон баланд бардоштани иқтидор ва нуфузу эьтибори Тоҷикистон саҳми назаррас дошта бошем. Ҷи тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқотҳояшон таъкид менамоянд, дар рушду инкишофи ҳар давлат ва тақвияти мавқеи байналмилалӣ ҷавонон ҳамҷун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа нақши бузург доранд.
Бинобар ин, мо бояд дар маҷмуъ сиёсати давлатиро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамҷун сиёсати давлатии ҷавонон кабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошем. Ҳар як татдбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он беҳбудии ҳаёти мо, ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст.
Бо дарки амик ҷавонони фаъоли мамлакат бояд ташаббус ва нерӯи созандаи ҳудро барои манфиати рушди мамлакат ва давлат равона сохта, кӯшиш намоем, ки дар ҷомеа мавкеи арзандаро соҳиб гардида, нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори ҳудро пайваста густариш диҳем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки ҷавонон муҳофизони боэьтимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Аз ин рӯ, мо ҷавонон пеш аз ҳама бояд содиқ бар Ватан бошем ва бо дилу нияти пок ватанамонро ободу осуда гардонем.
Саидов А.
омӯзгори ДКМТ