Тавре маълум аст, ояндаи ҳар миллат ва пойдории давлатдории миллӣ бештар ба тарбияи насли наврас ва ҷавон вобаста аст. Насли калонсол бо истифода аз таҷрибаи андўхта пояи давлату ҷомеаро мегузоранд, насли наврасро бо садҳо орзую умед тарбият менамоянд, то ки онҳо ҳамчун ворисони арзанда ба воя расанд, ба кадри таъриху тамаддуни кадимаи худ донанд, арзишҳои ваҳдату истиқлолият, моҳияти муқаддасоти миллӣ, зарурати ҳифзи марзу бум ва сарзамини аҷдодиро дарк намуда, ин сарзаминро, ки Тоҷикистон ном дорад, дӯст доранд ва аз уҳдаи ҳифзи он бароянд.
Барои он ки чунин хислатҳои олӣ дар қалби насли ҷавони тоҷик ташаккул ёбад, оила, мактаб ва дигар муассисаҳои таълимӣ бояд низоми таълиму тарбияро пайваста такмил диҳанд, онро ба талаботи замон мутобиқ созанд, аз тамоми имконияту воситаҳо ва аз ҳама муҳимаш таҷрибаи пешгузаштагон дар соҳаи маориф самаранок истифода баранд.
Дар раванди таълим силсилаи наслҳо набояд канда шавад. Маҳз ҳамин хусусияти ногусастание аст, ки пайванди наслро аз насл ба насл таҳким бахшида, арзишу зиёратгоҳҳоро аз ниёгон ба ворисон интиқол медиҳад ва дар ташаккули симои маънавӣ ва ҳисси худшиносиву худогоҳии ҳар як миллат нақши калидӣ дорад.
Хушбахтона, дар марҳалаҳои гуногуни таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамеша шахсиятҳо вориди саҳнаи сиёсӣ гардидаанд, ки ба шарофати онҳо ҳар насли нав имкон пайдо кард, ки ганҷинаи ниёгони хешро бо гавҳарҳои тоза ғанӣ гардонида, барои наслҳои оянда осори арзишманд боқӣ гузорад.
Дар ин замина метавонем Паёми Президенти кишварро ба мақоми олии қонунгузори кишвар, ба ҳар як ҳамватан, паёми пуршарафи насли имрӯз ба фардо ва паёми созанда дар бораи роҳи рушди давлатдории тоҷикон ёдовар шавем.
Дар доираи манфиатҳои миллӣ, мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди кишвари мо, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи ӯ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дар самти давлатдории миллї ва амалї гардидани ормонњои таърихии халќи тољик.
Бояд гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар сохтори давлатии Тоҷикистон на танҳо як санади муҳими расмӣ ва барномавӣ, балки ҳуҷҷати арзишманди калидӣ, ифодаи равшани сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, тараккиёти илм ва маданият дар мамлакат, ки дар асоси он барномаи комплексии фаъолияти минбаъдаи хамаи ниҳодҳо тартиб дода шудааст.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли равон баргузор гардид бори дигар собит гардид, ки ҷомеаи кишвар ба ҳадафҳои рушди устувори худ расид.
Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян мекунад. Дар асл, Паём ҳарчанд барномаи асосии омӯзиши сиёсати давлатии Сарвари давлат дар як давраи муайян хизмат мекунад, аммо аз ҷиҳати мазмуну моҳияти худ ҳисоботи Сарвари давлат ва ҳукумат ба тамоми шаҳрвандон мебошад. Ин пеш аз ҳама, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он пешомадҳои онро барои солҳои наздик муайян мекунад.
Тавре дар Паём зикр гардид “…танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад”. Ба максади тараққӣ додани иктисодиёт ва ғанӣ гардондани буҷети мамлакат ба пай дар пай зиёд кардани музди кори коркунони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ диққати махсус дода шуд, яъне ба таври маҷмӯӣ дар соли 2024 ҳаҷми маошу нафақаву стипендияҳо дар ҷумуҳурӣ аз 30 то 40 фоиз баланд бардошта мешавад.
Холо Ватани азизи мо барои расидан ба мақсади чоруми стратегӣ — саноатикунонии мамлакат саъю кушиш дорад. Зеро дар шароити рушди кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисод, бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, содироти маҳсулоти ватанӣ ва хориҷӣ, ҷалби сармояи иловагӣ барои рушди соҳибкорӣ ва коҳиш додани воридоти маҳсулоти зарурӣ мол ба мамлакат. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ дар панҷ соли оянда ҳадафҳои наздиктарини ҳукумати мост.
Пешвои миллат дар Паёми мазкур бо назардошти рушди босуръати минбаъдаи кишвар соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ки аз ояндаи дурахшони кишвар шаҳодат медиҳад.
Паёми имсола ба маориф низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст. Тавре Пешвои миллат гуфтаанд, моҳияти сиёсати Сарвари давлатамон аз солҳои аввали роҳбарии ӯ рушди соҳаи маориф мебошад. Охир, агар пояи маориф устувор бошад, рушди минбаъдаи давлатро таъмин карда метавонем. Имрӯз ҷомеаи мо ба нерӯи кории босавод, соҳибихтисос, боистеъдод, навовар ва бисёрзабон ниёзи ҷиддӣ дорад. Аз ин рў, вазифаи маориф, љомеа ва падару модарон аз он иборат аст, ки ба фарзандон дониши илмњои муосир ва навоварињои љањонї љорї намоянд. Барои ба камол расидани онҳо шароити хуб фароҳам оварда, ба тарбияи онҳо диққати ҷиддӣ додан лозим аст.
Пешвои миллат қайд карданд, ки «Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.
Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.
Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.»
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардоштани нақши маориф дар ҷомеа тавсияҳои муҳим доданд, зеро дар шароити кунунӣ танҳо кишварҳои пешрафтатарин мутахассисони соҳибихтисос доранд.
Такрор ба такрор атрофи мавзуи рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олӣ сухан намудани Пешвои миллат далели он аст, ки ҳалли мушкилоти соҳаи мазкур дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар қарор дорад ва аҳли илму маорифро зарур аст аст, ки дар раванди таълим нисбати баланд бардоштани сатҳи маърифат, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ ва технологияи муосир диққат дода, насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва арҷ гузоштан ба мероси ниёгон тарбия намоянд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи ҷавонон мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, таъкид намуданд, ки ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Воқеан бе кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Бинобар ин, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба масъалаи таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани ҷавонон таъкидҳои махсус намуданд, аз ҷумла “ … авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.
Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Дар ин раванд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд..” Яъне, ба андешаи Пешвои миллат соҳибкасб будани шахс омили на танҳо пешрафту ободии ҷомеа, боло рафтани сатҳи зиндагӣ мегардад, балки боиси обрӯву эътибори махсус пайдо намудани шахс дар байни аъзоёни ҷомеа мебошад.
Мешавад чунин хулоса кард, ки Паёми навбатии Пешвои миллат як санади пурарзишест, ки дар ҳар яки онҳо метавон чанд лаҳзаи ишораткунанда ва илҳомбахшро пайдо кард. Муҳимтарин хусусияти ин паём дар он аст, ки таҳсилоти инсон, саҳми инсон дар камолоти маънавию маърифатии ӯ, эҷодиёти инсон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ҷои марказӣ дорад. Дар маҷмӯъ, Пешвои миллат фарҳангу маънавиятро объекти асосии пешбарандаи ҷомеаи тоҷик медонанд ва амалӣ шудани аҳдофи дигари давлатӣ низ аз фархангу масъул вобаста аст. Ҳамаи мо бояд рафти иҷрои вазифаҳои ба миён гузоштаи Сарвари давлат дар самтҳо ва масъулиятҳои дар назди мо гузошташуда софдилона назорат намуда, сиёсати созанда ва созандаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем. Зеро маҳз ҳамдилӣ ва ҳамбастагиву масъулиятпазирии мо шаҳрвандон метавонад ватани азизамонро боз ҳам ободтару зеботар гардонад.
Давлатов Д.
омӯзгори ДКМТ